Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 515 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Лаҳзае пас Абдумаҷид бо лаҳни зебои хеш падарро аз ҳамаи навигариҳои хона, аз хондани Далер, аз он ки модараш дирӯз ӯро ҷанҷол намуд, хабардор кард. Чӣ лаҳни зебоест лаҳни кӯдак…
Дар нимаи дуюми рӯз Абдумаҷидов ба милиса омад ва баъди вохӯрӣ бо Наврӯз Умар онҳо ҳарду якҷоя ба дафтари кории Воҳид Камол рафтанд.
– Хайрият меомадед, – ӯро дида ба истиқболаш хеста гуфт сарвари ШКД.
– Маро дигар дар он ҷо коре набуд.
– Хуш, сафарҳо чӣ хел гузашт, аминам алакай келинро ҳам дидед?
– Сафарҳо бад не, дар хона ҳам аз соате беш набудам.
– Имрӯз мо ҳама гӯш ба қимор нишастаем, то бубинем боз чӣ ҳодисаҳо рух медиҳанд. Бо ёриву дастгирии шумо шахсияти Фиалкаро муайян намудем ва ҳоло гурӯҳи назорати дар маҳаллаи Водонасос дар ҳамон хонаҳои кӯҳдоман «Ф»–ро назорат доранд. Ҳамагӣ ним соат пеш аз омадани шумо ӯ ба хонаи рақами 108 даромадааст. Фурўзони Нуралӣ ва Зафари Саидумар ӯро ба зери васигии хеш гирифтаанд.
– Шахсияти вай дуюмашро муайян намуданд?
– На шахсияти инашро муайян намудаему на аз ваяшро, фақат гурӯҳи сеюм аз рӯйи расм ҳоло дар хонаи 108, «Ф»–ро ба қавле назорат доранд. Аслан бо «Ф» моро худи «Ф»–и дигараш муаррифӣ намуд.
– Дар куҷо?
– Дар кӯчаи Деҳотӣ.
– Фиалка дар куҷо зиндагӣ дорад?
– Дар ноҳияи Фирдавсӣ. Акнун он кас Фиалка не, балки Бунафшаи Борон.
– «Ф»–и дуюм дар кӯчаи Деҳотӣ чӣ меҷӯстааст?
– Бунафшаро интизорӣ доштааст.
– Расми онҳоро гирифтаанд ё не?
– То кунун не.
– Овозашонро чӣ?
– Овозашонро ҳам нагирифтаанд, ҳамаи инро сабаб он аст, ки мо наметавонистем худро ошкор намоем.

пешина
аз 515
навбатӣ