Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 515 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– Беҳуда ташвиш кашидед.
– Чаро беҳуда будааст, о, шумо маро – ку хоҳар хондед, ҳамин хел не?
– Бале.
– Пас ба пешвози бародар омадани хоҳар гуноҳ аст?
– Не, албатта. Ташакур! Акнун рафтем?
– Ба куҷо?
– Ба хона.
– Не, ман ҳоло рафта наметавонам.
– Чаро?
– Чунки ҳоло ҳама аз пайи ҳамон парвандаи зормонда намедонам боз Воҳид Камолро чӣ созу сӯзе дар сар аст.
– Парванда гурехта намеравад, ба замми ин аллакай ба танаффуси нисфирӯзӣ вақт наздик шуда истодааст.
– Ман меравам, вале ягон рӯзи дигар. Ба фикрам худат ҳам як сари қадам ба хона даромада мебароӣ.
– Не, ман то тановули нисфирўзиро бо Абдумаҷид якҷо накунам, ба ягон ҷо намеравам. Биё рафтем, ман туро бо ҳамсарам ва фарзандонам шинос мекунам.
– Ман бе асос ба хонаи шумо рафтанӣ нестам.
– Набошад гӯш кун, рӯзи 30 –юм зодрӯзи шоҳбачаи ман аст ва ман аз худи ҳозир аммаашро ба зодрӯзаш даъват мекунам.
– Ӯ чандсола?
– Рӯзи 30.01 ба чор қадам мениҳад.
– Номаш чист?
– Абдумаҷид.
– Таклиф қабул карда шуд. Акнун рафтем.
– Ба куҷо?
– Ба истгоҳ.
Онҳо ҳарду суҳбаткунон то истгоҳ омаданд ва чун самти харакати ҳарду ҳам ба як тараф буд, ба таксие нишастанд.
Фурӯғ дар роҳ фаромад ва Абдумаҷидов бо он туҳфаи хоҳар роҳашро давом дод.
Дарро ба рӯяш ҳамсар кушод ва ӯ мехчагули туҳфаи хоҳарро ба дасти Наталя Василевна дода, худ Абдумаҷидро, ки худро ба тарафи падар ҳаво додан мехост ба оғӯш гирифт.

пешина
аз 515
навбатӣ