Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

– Назоратро давом диҳед, – шунид ӯ амри марказро ва дигар сухане ба забон наоварда мухобираро хомӯш карда ба курсӣ такя намуду чашмонашро пӯшид…
Зафари Саидумар бошад дар рӯйи роҳ пасу пеш қадам мезад…
… 59 …
Тайёра соати 1040 дақиқаи вақти маҳаллӣ ба Душанбе фаромад. Баробари аз зинаҳои ба тайёра васлшуда пой бар замин ниҳодан гармии ҳаворо дар қиёс бо қисми Сибирруяи собиқ СССР ӯ дарк намуд. Аввалин фикре, ки ба сараш омад ин монеъ шудан ба омадани Абдумаҷиди хурдакак ва модараш ба фурудгоҳ буд. Дишаб, вақте ки ӯ занг зад ҳамсараш хабар дод, ки фардо ҳамроҳи Абдумаҷид ба пешвозаш ба фурудгоҳ меояд, вале худи ваколатдори кофтукови ҷиноятӣ ду пойро дар як муза андохта, ҳамсарро бовар кунонид, ки ҳаргиз ин корро кардан лозим нест, чунки дар ҳавои сард ба фурудгоҳ бурдани кӯдак фоли нек нест. Ҳоло бошад ӯ аз зинаҳои тайёра фаромада истода гармии ҳаворо ҳис намуд. Дар чунин ҳаво гулро сармо намебарад, на ин ки бачаро. Абдумаҷид акнун ба қавле мард шудааст. Чанд рӯз пас се солагиро буд карда, ба чор қадам мениҳад, ман бошам ӯро аз сардии ҳаво тарсонидам, фаромуш намудам, ки мо дар мамлакате зиндагӣ дорем, ки табиати биҳиштосо дорад ва ҳамин нурҳои рахшони офтоб худ як туҳфаи бузурги Илоҳист, ки ба сари мо мардум омада. Не, ба ростӣ гулро сармо намебарад, ман бошам… Оҳ ман чӣ қадар мехоҳам, ки Абдумаҷидро бубинам. Не, вай худаш ба фурудгоҳ омаданӣ шуду ман садди роҳаш гаштам. Акнун тезтар ба хона рафтан лозим гӯён ӯ низ дар қатори дигар мусофирон ба автобуси махсуси фурудгоҳ нишаст ва лаҳзае пас дар рӯ ба рӯи дари баромадгоҳ фаромада, ҳамроҳи дигар мардум ба берун ҳаракат кард.
– Ассалому алайкум!
– Ваалайкум ассалом, – гӯён ӯ сар бардошту дар рӯ ба рӯяш Фурӯғи Шарифро дид.
– Хуш омадед, ана ин ба шумо, – гӯён Фурӯғ як даста мехчагулро ба сӯйи вай дароз намуд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо