Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 515 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– Марказ ман…
– Аз қафои «Ф» шавед!
Бо амри роҳбари гурӯҳ Зафари Саидумар аз автомашина фаромада аз қафои «Ф» роҳсипор шуд…
Ронанда дар масофаи муайяне аз қафои шогирд тариқи автомашина ҳаракат дошт. Ҷавон ҳар замон ба гирду атроф ба пасу пешаш назар мекард, вале Зафари Саидумар ҳам он қадар бетаҷриба набуд…
Дар кӯчаи калони аз тарафи Гипрозем меомада, ҷавон ба автобусе нишаста, як истгоҳ рафт ва ин масофаро Зафар ҳам бо ӯ савора тай намуд. Сипас ба самти муқобил гузашта, вориди қаҳвахонаи «Мардон» шуд.
Соате пас аз бар бурун омада, ба таксие нишаст ва ба самти шимолии шаҳр, ба самти милисаи ноҳияи Гулистон ҳаракат кард. Ташрифи ӯ дар кӯчаи Турсунзода поён ёфт. Ӯ ба хонаи рақами 64/2 – и собиқ кӯчаи Партизани Сурх даромад.
Дунболгирон автомашинаи хешро дар масофаи сад саду панҷоҳ метр маън намуданд ва ин даъфа худи ваколатдори кофтукови ҷиноятӣ аз автомашина баромада вориди ошхонаи миллие, ки дар муқобили он бинои чорошёна ҷойгир буд, даромад.
Акнун нав нияти таомхӯрдан дошт, ки ҷавон аз он хона бурун шуд ва боз ба таксие нишаст. Фурўзон аз ошхона баромада ба тарафи автомашина давид.
– Рақами таксӣ 58–23 гуфт Зафар ва онҳо қариб, ки 180 дараҷа тоб хӯрда, аз қафои таксӣ шуданд. Таксӣ дар минтақаи «Водонасос» таваққуф намуд ва ҷавон аз он берун шуда ба тарафи бозорча ҳаракат кард. Сипас, бо халтаи селофание, ки меваҷот дошт аз бозор берун шуд ва ба самти дигари кӯча гузашта, ба самти кӯҳдомани он маҳалла ҳаракат намуд. Ронанда боз аз автомашина фаромада ӯро дунболгир шуд ва оқибат ӯ вориди яке аз хоначаҳои пастаки кӯҳдоман, ки дарвозаи чубини фарсудае дошту дар болояш рақами 108 навишта шуда буд, гардид.
Чун баъди соати интизорӣ объект аз он манзил берун нашуд.
Фурўзон Зафарро, ки аз дунболаш меомад он ҷо монда худ ба тарафи автомашина ҳаракат намуд ва Марказро тариқи мухобира аз рафти кор огоҳ намуд.

пешина
аз 515
навбатӣ