Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

– Шарт нест.
– Чаро?
– Чунки онҳо дар ҳамин ҷо ҷудо мешаванд.
– Бовар намекунам, чӣ онҳо барои ҳамин се – чор дақиқа вохӯрӣ чунин роҳро паймудаанд?
– Ба фикрам кадоме аз тарафҳо имконияти зиёд истоданро надорад.
– Ба андешаи шумо кадоме аз онҳост?
– Ба гумонам ҳамон ҷавон, ӯ ҳатто бо дастонаш ҳам чизеро ба вай духтарак фаҳмонда дода истодааст.
– Рафту агар онҳо ҷудо шаванд, мо аз қафои кадомаш меравем?
– Аз қафои вай ҷавон.
– Духтаракро ба ҳоли худаш мегузорем?
– Моро дигар роҳе намемонад.
– Набошад муҳаррикро ба кор андоз.
– Онҳо ку то ҳол ҷудо нашуданд.
– Ана, вай духтарак бо вай худоҳофизӣ дорад.
– Аз куҷо гирифтӣ?
– Аз ҳамон бӯсобӯсашон.
– Эй бешарм.
– Киро дар назар доред?
– Он ҳардуро.
– Ман ҳуқук надорам, ки онҳоро аз мадди назар дур намоям. Шуд ана онҳо аз ҳам ҷудо шуданд.
– Вай духтарак боз ба ҳамин самти мо омада истодааст ку.
– Ба фикрам баҳри ин мулоқоти яклаҳзаина хело тайёрӣ дидааст, бубинед рафиқ капитан худро ӯ чӣ хел орою торо дода будааст, ҳайфи ҳамин қадар заҳмат ва даву тоз.
– Эй Зафар чӣ чашми тезбине дорӣ.
– Ва ҳамаи ин заҳмати ӯро он ҷавон аз як бӯсае бештар қадр накард.
– Бӯсаи сарироҳӣ аз он беш намешавад.
– Марказ ман сеюм, марказ ман сеюм, ба алоқа бароед, баъди аз паҳлӯи онҳо гузашта рафтани Бунафшаи Борон тугмачаи мухобираро зер намуда гуфт Фурўзон.
– Сеюм, ман марказ…

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо