Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 515 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– О, мо тамоми шаб мижа таҳ накардаем, ки натиҷае ба даст оварем, шуморо – ку намедонам аз мо натиҷаи кор талаб мекунанд, – гуфт Зафари Саидумар.
– Майлаш, рафту агар натиҷаи корамон бобарор шавад, ман шахсан гузориш навишта, шуморо ба мукофот пешбарӣ мекунам.
– Наход?
– Бе ҳазл мегӯям.
– Набошад, ана, вай нишаст, рақами такси 29–29 аз ёд набароред.
– Миннатпазирам, – гӯён Фурўзони Нуралӣ аз қафои таксӣ шуд. Дунболагирии онҳо дер давом накард. Таксӣ дар рӯ ба рӯйи маркази ташхиси саломатӣ бозистод. Бунафшаи Борон бо ронанда аз афтиш ҳисоби карду баъди лаҳзае аз таксӣ берун шуда, ба тарафи кӯчаи Деҳотӣ ҳаракат намуд.
– Ба фикрам давоми роҳро пиёда рафтанат лозим меояд, – гуфт ронанда, ки дар як вақт сардори гурӯҳ ҳисоб мешуд.
– Не, ман намеравам.
– Чаро?
– Чунки ана вай худаш истод ва нигоҳ кунед аз самти муқобил, ба сӯйи вай ҷавоне омада истодааст.
– Худи худаш.
– Чӣ вайро мешиносед?
– Худат чӣ?
– Ман ӯро бори аввал мебинам.
– Ман бошам бори дуюм.
– Бори аввал ӯро дар куҷо дидаед?
Фурўзон аз бағалкисааш расми аксбардошташудаеро, ки дар асоси нишондоди Боҳир Қаюм рассом Қурбон Сафол кашида буд, берун овард.
– Ва ба пиндори шумо он касе, ки бо объекти мо суҳбат дорад, ҳамин кас аст?
– Худат нигоҳ кун тарҳи рӯяш монанд. Аз рӯйи намуди зоҳириаш ҳам ба нишондоди Боҳир Қаюм мувофиқат мекунад.
– Чӣ хел намуди зоҳириаш? – боз пурсид Зафари Саидумар.
– Қаду қомат сину сол боз чӣ мехоҳӣ?
– Шояд ман ба онҳо наздиктар шавам?

пешина
аз 515
навбатӣ