Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 515 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Дарро кушода Наврӯз Умар рухсати даромадан пурсид.
– Ҳа, марҳамат.
– Ба фикрам имшаб шуморо хоб набурдааст, рафиқ полковник.
– Шуморо чӣ? – дар навбати хеш пурсид Воҳид Камол.
– Маро нағз хоб бурд.
– Вале аз чеҳраатон маълум, ки нағз хоб нашудаед, – гӯён Воҳид Камол ба истиқболи зердасташ хеста даст дода вохӯрӣ намуд ва ӯро ба нишастан ишора кард…

… 58 …

– Рафиқ капитан!
– Бале.
– Вай ба куҷо шитоб дорад?
– Кӣ медонад.
– Шояд ман аз қафояш пиёда равам?
– Сабр ва боз ҳам сабр.
– Метарсам, ки…
– Ба фикрам нияти аз роҳ гузаштан дорад.
– Аз куҷо гирифтед?
– Ӯ аслан ба ҳамин самт нигоҳ дорад аз ҳамин ба хулосае
омадан мумкин, ки вайро дар он самт коре нест.
– Шояд ба вохӯрии он ёраш шитоб дорад?
– Агар ба чунин қадами нек даст мезад, кори моро хело осон мекард.
– Рафту бо дигар кас вохӯрда монад чӣ?
– Ҳама кор шуданаш мумкин.
– Ҳа, ана, вай ба тарафи мо тоб хӯрд.
– Мебинам.
– Бубинед аз роҳ гузашт, оҳҳо нияти ба таксӣ нишастан дорад – ку шояд пештар равем.
– Не, дар ҳама ҳолат мо ба вай расида метавонем.
– Боз нашаваду дар бало монем.
– Эй Зафар, Зафар мебинем, ки ҳеҷ оромиро намеписандӣ.

пешина
аз 515
навбатӣ