Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 515 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– Аз номи ман ба домулло салом гӯед, – гӯён Воҳид Камол аз назди тиреза дур шуд. Тайи солҳои дар милиса кор карданаш Воҳид Камол мардони бузургро хеле зиёд вохӯрда буд, вале ҳеҷ кадоми онҳо чун старшинаи милиса Давлатшариф Сурхов, ки зиёда аз сӣ соли ҳаёташро сарфи мубориза алайҳи ҷинояткорӣ намудааст, чун ӯ дар ёди Воҳид Камол намонда. Ҳарчанд дорою бадавлат ҳам набошад, дастурхони Давлатшариф Сурхов ҳамеша ба рӯйи роҳгузарон боз аст. Бо як пиёла чой ҳам иззати меҳмонро ба ҷо оварда метавонад.
Давлатшариф Сурхов аслан тамоми ҳайати шахсиро «хахул» (ба маънои хахол забони украинҳо дар назар аст) ном мебурд.
Боре Воҳид Камол пурсид, ки старшина янгаи Нозанинро (номи ҳамсари Давлатшариф Сурхов) чӣ ном мебарад, вай бе ягон истиҳола гуфт, ки ҳамаи онҳоеро, ки ӯ дӯст медораду эҳтиромашон мекунад хахул меномад ва Нозанин ҳам истисно нест…
Воҳид Камол гӯшаки телефони дохилиро бардошт.
– Навбатдори шуъба гӯш мекунад.
– Аз дидбонгоҳо ягон хабар ҳаст?
– Соати шаш ҳамаашон ба алоқа баромада буданд, ягон навигарие нест.
Воҳид Камол гӯшакро ба ҷояш гузошта, аз ҷой бархест ва аз сейфи оҳанине, ки чанд қадам дуртар аз мизи кориаш дар як кунҷ меистод, чанд ҳуҷҷатеро гирифта, боз ба сари мизи кориаш баргашт. Ҳамаи ҳуҷҷатҳо дастуру низомномаҳои хизматие буданд, ки ӯ тариқи котибот дирӯз гирифта буд. Ҳарчанд ба қавле дар деги милиса ҷӯшида буд, вале боз ба омӯзиш ниёз дошт… Ҳар гоҳ ки ӯро андешаҳои бесару нуг иҳота мекарданд дастуру низомномаҳоро варақ зада, ҳалли дурусттари корро ҷӯё мешуд ва ин субҳ ҳам яке аз чунин рӯзҳое буд, ки ӯ бояд роҳи дурусти онро меёфт. Аз он чи ки субҳ фаро расидаву аз дидбонгоҳҳо хабаре ворид нашуда, вай ба хулосае омад, ки корманди оперативӣ ҳам то кунун шахсияти «Ф» – ро муайян накардааст. Дирӯз ӯ сари ҳамин масъала бо Наврӯз Умар хело баҳс кард ва акнун ба хулосае омад, ки корҳо тавре рафта истодаанд, ки Бунафшаи Борон низ дигар ба онҳо кӯмак нахоҳад кард, чунки милиса то кунун ба муқобилаш далели мӯътаманде надорад.

пешина
аз 515
навбатӣ