Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 515 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Он ду дилдодаи паҳлуяш ҳам алакай ба субҳонахурӣ омодагӣ дида буданд. Мард аз дидори маҳбубааш сер шуда буд, ки ба тарафи вай нигариста гуфт:
– Ака шумо чӣ хел хоб шудед?
Нағз гуфт вай ва наздик омадани пешхизматро бо лаълии калон дида, мизи пушти курсии дар пеш бударо фаровард…
Тайёра бо суръати баланд онҳоро ба сӯйи Шарқ меовард…

… 57 …

Воҳид Камол ин субҳ чашми рӯз накафида ба кор омад ва аз он чи ки навбатдор дар гузоришаш ҳама тенҷию амонӣ гуфта дигар сухане ба забон наовард фаҳмид, ки ҳама ҷо сокиту хомӯш аст, чун хомӯшии халиҷ дар субҳидам. Ӯ рост ба дафтари кориаш рафт ва афсӯс бар он хӯрд, ки муовинаш Мӯсоев ба гапи ӯ гӯш накарду ба дигар коллектив ба кор рафт. Рафту агар Масрури Мӯсо ба вазифаи баландтаре мерафт гап набуд, вале боз ба ҳамон вазифае, ки дар ин ҷо дошт: муовини сардор оид ба корҳои фаврӣ ҷустуҷӯӣ. Не, Воҳид Камол ҳеҷ чизро нафаҳмид, ки муовини ӯро чӣ фикру хаёле дар сар буд. Аслан то анҷоми ҳамин парвандаи зормонда ҳам наистод маълум, ки дилаш аз мо мондагӣ, ман бошам бехабар. Боре ҳам напурсидам, ки ӯро чӣ дарду доғест дар дил…
Воҳид Камол аз рӯйи одат аввал ба назди тиреза рафт ва чашмаки онро кушод, то ҳавои ғализи ҳуҷраи кориаш берун барояд.
Дар саҳни ҳавлӣ дар пеши бинои ИВС20 милитсионери қаторӣ Сурхов тамоку дуд медод. Сурхов ҳам чун худи вай ошиқи тамоку. Нохост чашми Сурхов ба вай бархӯрду дастҳо пеши бар чун ҳар як фарди ғайринизомӣ салом гуфт.
– Ҳа, корҳо чӣ хел? – пурсид сардори ШКД.
– Бад не, рафиқ полковник.
– Мӯйсафед чӣ хел, вақтҳои охир моро ба гӯшаи фаромӯшӣ додааст?
– Худоро шукр, аҳволаш нағз.

пешина
аз 515
навбатӣ