Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 515 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Дар мо бошад ба фикрам то кунун касе на дар фикри расм ҳасту на дар фикри симои дар зери он ниҳон буда, аксари мардум мақоли туро газид маро чи суд амал мекунанд, бехабар аз он ки он мори беҷазомонда рӯзе ба онҳо ҳам неш хоҳад зад…
Аз он ки ҳамдиёронаш дар Новокузнетский намаки мардумро хӯрда ба намакдонашон туф намудаанд, Абдумаҷидов шарм дошт. Ӯ ҳатто аз кирдори ҳамдиёронаш изҳори нигаронӣ намуда, аз Александр Борисович ва Аркадий Петрович узр хост.
– Мо медонем, ки тоҷикон чӣ хел миллати бофарҳанганд, ба фикрам кам миллатеро ёфтан мумкин аст, ки чунин худотарсу меҳнатдӯст бошад, вале чи илоҷ ки «семья без уродов не бывает» гуфт Капустин.
Аз суханони Александр Борисович ӯ фаҳмид, ки аксари мардуми русзабон нисбат ба тоҷику тоҷикистониён андешаҳои нек доранд, вале…
Акнун дусад фаришта накӯ гӯядат чӣ суд, Дар шаҳрҳо ҳикояти бадномии ту рафт.

«Ором шавед, о ҷинояткор миллату мазҳаб надорад» – нидо омад аз замираш.
– Эҳтимол ҳамин хел ҳам бошад, бубин онҳо дар Гулистон бо ҳамзабонони хеш чиҳо карданд, пас чӣ ҷойи гила, ки дар мулки бегона...
Стюардесса тариқи баландгӯяк мусофиронро ҳушдор сохт, ки баъди даҳ дақиқа субҳона дода мешавад.
Абдумаҷидов, ки то кунун курсиро аз ҳолати амуди беҷо намуда буду чашмонашро пушида сари андешаҳои хеш ғута мезад, овози шахси дар курсии қафо будаашро шунид, ки мегуфт: – Эй бародар қомати хеш рост намоед, ки аз субҳона қафо намонед. Ҳарчанд ӯро иштиҳо ҳам набуд, вале наметавонист ба дигарон халал расонад. Ниҳоят ӯ чашм кушода, қоматашро рост намуд ва тугмачаи паҳлӯи дасташро зер намуда буд, ки такягоҳи курсии мулоим ҷои аввалаи хешро гирифт.

пешина
аз 515
навбатӣ