Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

Акнун дар сумкаи сафари ӯ ба ҷуз тӯҳфаи хотирмоне барои он шоҳи хурдакак гирифтааш дигар чизе набуд. Акбар Ҳакимовичро тақдири Абдумаҷид ба ташвиш оварда буд. Худоё, ин чи касале буд, ки шоҳи маро ёр шуд меандешид ӯ бо хеш, вале баҳри озурда насохтани дили ҳамсар ҳеҷ гоҳ худро бой додан намехост. Ӯ ба ёд овард он лаҳзаҳоеро, ки Наталя Василевна бори аввал аз ин дарди бедармони писарбачаи нӯҳмоҳа огоҳӣ ёфт…
– Ба ҳамааш ман гунаҳкорам, – мегуфт ӯ.
– Ту гуноҳе надорӣ, – ӯро ором карданӣ шуда гуфт шавҳар.
– Не, ман гунаҳкорам, чунки ин бемории ирсӣ будааст ва барангезандааш танҳо занҳоянд, – гӯён он замон лаҷоми гирёро сар дод зан. То ҳанӯз қатраҳои ашки дар бари рухсори ҳамсар ҷаршуда дар ёди ӯ чун доғе аз рӯзгори сахт ва фалаки каҷрафтор нақш баста. Гемофилия ё чӣ хеле ки духтурон мегӯянд, касали вазнинии хун. Чӣ илоҷ аз тақдир роҳи гурез нест, – аз дил гузаронд вай ва аз он хурсанд буд, ки акнун дар зодрӯзи чунин як марди бузург, ки тамоми шодию нишоти падару модар ба табъи ҳаррӯзаи ӯ вобаста аст, иштирок мекунад.
Мардумон алакай қатор истода дар назди даричаи панҷуми толори ба қайдгирӣ худ ва бағочашонро нияти аз қайд гузаронидан доштанд. Абдумаҷидов сумкаи сафариашро, ки ба бағоч супориданаш шарт набуд, бардошта дар қатор рост шуд.
Самолёт аз рӯйи реҷаи муайяншуда ба фазо хест ва дар баландии 9800 метр (аз рӯйи хабари стюардесса) ба самти Душанбе рост шуд…
Ҳарчанд ӯ борҳо тариқи самолёт парвоз намуда буд, вале боре ҳам дар баландӣ ӯро хоб набурд. Вай аслан дар курсии паҳлӯи роҳрав менишаст. Ҳамроҳонаш бошад зану марди ҷавоне байни худ сари суҳбат буданд ва гоҳ–гоҳ ҳарду сарашонро ба иллюминатор расонида, ба зер наззора менамуданд. Умуман, касеро парвои ин мусофири танҳо набуд ва ҳамин ҳолат сабаб шуду мавҷи андешаҳои бесару нуг ӯро аз як гирдоб бардошта ба дигараш мезад…
Дар ин сафар ӯ ба хулосае омад, ки мардуми Россия дар мубориза алайҳи ҷинояткориӣ нисбат ба сокинони ҷумҳурии мо фаъолтаранд. Бубин, пиразани пой бар лаби гӯр монда (Журавлёва дар назар аст) баробари дидани расми кашидаи рассом ҳарчанд пурра ба фикри хеш ҳам боварӣ надоштааст ба назди нозири минтақавӣ Анисимов рафта андешаҳои хешро баён намудааст.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо