Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

– Гуфтам– ку ин ғайриимкон аст, чунки ӯро падару модар ва хоҳару бародараш ҳаст ба замми ин боз шарму ҳаёи шарқиёна ҳам чун занҷир дар пояш печидааст. Суханони шуморо дар нимаи якуми рӯзи дигар ба самъи он оҳубараи зебо хоҳам расонид.
– Онҳо ҳам дар бораи худат маълумот доранд?
– Не…
… 56 …
– Акбар Ҳакимович мо ба ёрии шумо умед мебандем, – гуфт ҳангоми видоъ муовини сардори РКД шаҳри Новокузнетский Капустин А.Б.
– Мо кӯшиш мекунем,– гӯён Абдумаҷидов ба автомашинае, ки сари чанбараки рул худи Селезнёв менишасту кайҳо муҳаррикро ба кор андохта буд, нишаст.
Александр Борисович то дар маҷрои нақлиёти шаҳрӣ нопадид шудани автомашинаи Селезнёв ба сӯи онҳо дастафшони намуд…
Қатора чор соат пеш аз парвоз ба Новосибирск омад. Аз вокзал Абдумаҷидов ба таксие нишаста ба Толмачёво ҳаракат кард. Баъди бист дақиқаи ба фурудгоҳ расиданаш диктор аз оғози парвози самолёт бо сайрхати Толмачёво –Душанбе хабар дод…
Ҳарчанд дар ин сафар Абдумаҷидов имконияти лаҳзае фароғат намудан ҳам наёфт, вале бозгашт ба Ватан барояш аз ҳама беҳтар намуд. Солҳои дар милиса кор карданаш ӯ қариб ба ҳама шаҳрҳои калони собиқ СССР сафарҳои хизматию меҳнатӣ дошт ва имшаб бо калонтарин фурудгоҳи дарвозаи Сибир – Толмачёво назар афканда ба хулосае омад, ки он аз Пулково18 ё Домодедово19 монданӣ надорад. Мардумони зиёде дар толорҳои барҳавои фурудгоҳ қисме пинак рафтаю қисме машғули рузномахонӣ ё суҳбати хоса бо якдигар навбати парвози хешро интизор буданд…
Абдумаҷидов аз он хурсанд буд, ки корро ба зудӣ анҷом дод ва акнун ба хона бармегардад. Пеш аз ба Руссия сафар намуданаш Наталя Василевна ӯро ҳушдор сохт, ки рӯзи 30.01 зодрӯзи шоҳи хурдакаки хона Абдумаҷид аст…

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо