Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 515 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– О пуламон ҳаст – ку?
– Аз эҳтимол дур нест, ки ҳоло Россия баҳри ҳамин пул тамоми давлатҳоро огоҳ накарда бошад. Не моро дар дидбонгоҳи аввалини сарҳади бо он ҷомадонҳои пул дастгир мекунанд.
– Гуфтӣ – ку бо пул забони ҳамаро бастан мумкин – ку.
– Вале на бо чунин пули калон.
– Чӣ он пул ранги дигар дорад? О, ҳазорон – ҳазор одамон бо пули калон гурехта ба хориҷа мераванд – ку.
– Онҳо аввал пулро тариқи бонкҳо ба хориҷи кишвар интиқол медиҳанд ва танҳо баъди он бо каме маблағ мераванд.
– О, мо пулро то ба ин ҷо оварда тавонистем – ку?
– Фаромӯш насоз, ки бо кадом азобҳо.
– Медонам, вале хоҳиш мекунам, ки арӯсшавандаи маро ба ҳолаш гузоред.
– Чӣ илоҷ рафту агар ҳодисае рух диҳад, аз худат гила намо.
– Ман розӣ.
– Як бори дигар бо вай аз таҳти дил маслиҳат намо, ки дар кадом ҳолате наафтад номи худатро ба гӯшаи фаромӯшӣ диҳад.
– Аз ин тарафаш метавонед бе ташвиш бошед.
– Беҳтар мешуд, ки худи ҳозир бо ӯ вомехӯрдӣ?!
– Ин ғайриимкон аст.
– Чӣ хел?
– О, мо дар кишваре зиндагӣ дорем, ки духтарҳояш аз бисёр имтиёзҳо маҳруманд, ё ҳаминро аз хотир баровардаед?
– Ҳаминаш беҳтар аст. Ба ғулом озодӣ бидиҳеду бубин, ки бо ту чиҳо кунад.
– Ташбеҳи аҷиб.
– Дар нисбати худат, ки хело ҷавонӣ банда ду маротиба зан гирифтаам ва ба қавле аз муҳаббати шарқиаш ҳам баҳра бурдаму аз муҳаббати ғарбиаш ҳам.
– Дар муҳаббат кадоме аз онҳо беҳтар буд?
– Рӯзаш ояд ҳамаашро мефаҳмӣ?
– Ҳоло чӣ?
– Ҳоло беҳтар мебуд, ки бо арӯсшавандаат сари гуфтаҳои ман суҳбат мекардӣ!

пешина
аз 515
навбатӣ