Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 515 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– Чаро?
– Чунки вайро зану фарзандаш ҳаст, хешу табораш ҳаст ва онҳо хомӯш нахоҳанд шуд. Ин ҷо мо танҳо як тарафи корро дидем.
– Кадом як тарафро.
– Дишаб гуфтем, дурустараш ту Фаррухҷон гуфтӣ, ки милиса наметавонад ба пойи хеш теша занад.
– Ман инкор намекунам, ҳамин суханро гуфтам.
– Ман бошам тамоми шаб мижа таҳ накарда, сари ҳамон гуфтаҳои худат андеша намудам.
– Хуш, ба кадом хулоса омадӣ?
– О, парвандаи ҷиноятиро аз рӯйи ҷиноятҳои вазнин прокуратура мебарад.
– Хайр чӣ?
– Ҳоло ҳам нафаҳмидаӣ?
– Чиро?
– Он чиро ки милиса ва прокуратура ҳамеша мисли мушу гурба байни ҳам рақобат доранд?
– Кӣ гуфт?
– Ман борҳо дар суҳбатҳои хосаи ҳарду тараф иштирок намудаам ва барои фаҳмидани як ақида бо онҳо як пуд намакро хурдан лозим нест.
– Барои ҳамин, ки байни милиса ва прокуратура созгорӣ нест, ман бояд аз арӯсшавандаам ҷудо шавам?
– Моро роҳи дигаре нест мефаҳмӣ ё мехоҳӣ, ки боқимондаи умратро дар паси панҷара гузаронӣ.
– Не, албатта.
– Гуфтам – ку дар ҳарду ҳолат ҳам онҳо ҳамшираи шафқатро меёбанд ва ӯ баҳри амон мондани сари хеш дугонааш, яъне арӯсшавандаи худатро мефурӯшад. Милиса бо арӯсшавандаи худат ҳам хола–хола карда намеистад, то он даме, ки номи худатро ба забон наорад ва ҳамин хел рафтан мегирад.
– Шояд ҳоло ҳам дер нашудааст аз ҳамин кишвар кӯч бандем?
– Ба куҷо?
– Ба ягон давлати дигар.
– Бе пул?

пешина
аз 515
навбатӣ