Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 515 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– Ман фикр мекунам, ки мақсад ӯро на санҷидани донишҷӯ дар донишгоҳ, балки вай донишҷӯйро ҳарчи тезтар ба худ моил намудан аст, ӯ аслан аз рӯи мақоли ёр аҳл бошад, кор саҳл мешавад, амал намудааст. Ба фикрам ҳамин хел аст, ҷойи ташвише дар ин зина нест.
– Андешаҳои хуб ба мантиқ наздик. Кош ҳамин хел бошад.
– Рафиқ полковник ҳамааш нағз мешавад, акнун рухсат диҳед…
– Барори кор хоҳонам…

… 55 …

– Ту маро нағз фаҳм!
– Не, фаҳмидан ҳам намехоҳам.
– Сар амон бошад, кулоҳ ноёб нест, мефаҳмӣ?
– Гуфтам – ку фаҳмидан ҳам намехоҳам.
– Бо он маблағе, ки мо дорем беҳтарин духтаронро ба занӣ мегирем, бовар намо, чун корҳо анҷом ёбанду каме қоматамон рост шавад, духтаре, ки очааш бусааш накардааст, бо як ишора худаш давида меояд.
– Гӯш кун вай ба мо чӣ бадӣ кардааст, ки мо ба ӯ бадиро раво бинем?
– Вай бисёр медонад, ҳаминаш басанда аст, ки мо ба бало монем.
– О, дишаб маслиҳатамон дар ин бора пухта буд – ку?
– Дишаб ин бистучор соат пеш буд. Тайи ин бистучор соат ман он қадар андеша намудам, он қадар ҳамаро дар мизони ақл баркашидам, ки ҳисобаш гум.
– Ва ҳамаи хулосаҳоятон дар болои арӯси ман соя афканд.
– Бале.
– Магар ман ба ҳамин хотир бо шумо ҳамкорӣ намудам?
– Гӯш кун Фаррух ту майда нестӣ, ки нафаҳмӣ. Фардо шаб эҳтимол дер мешавад. Рафту агар амалиёт бобарор ҳам анҷом ёбад, аз ду сар милиса баҳри вай шоҳиде, ки бори сеюм қасд ба ҷонаш намудаанд диагнози марги муфоҷоро гузошта наметавонад?

пешина
аз 515
навбатӣ