Ҳафтахтар Ҷилди 3

Ба бебаргӣ суханро рост кардам,
На ӯ доду на ман дархост кардам.
Маро ин бас, ки пур кардам ҷаҳонро,
Валинеъмат шудам дарёву конро.
Низомӣ, гар зеҳи заррин басе ҳаст,
Зеҳи ту зуҳд шуд, магзораш аз даст.
Бад-ин зеҳ гар гиребонро тирозӣ,
Кунӣ бар гарданон гарданфарозӣ.
ШАФОАТ КАРДАНИ ХУСРАВ
ПЕШИ МАРЯМ АЗ ШИРИН
Чу бадр аз ҷайби гардун сар баровард,
Замин атфи ҳилолӣ бар сар овард,
Зи маҷлис дар шабистон рафт Хусрав,
Шуда савдои Ширин дар сараш нав.
Чу баргуфтӣ зи Ширин саргузаште,
Даҳони Марям аз ғам талх гаштӣ.
Дар он мастӣ нишаста пеши Марям,
Дами Исо бар ӯ мехонд ҳар дам,
Ки Ширин гарчи аз ман дур беҳтар,
Зи реши ман намак маҳҷур беҳтар,
Вале донам, ки душманком гашта-ст,
Ба гетӣ-дар ба ман бадном гашта-ст.
Чу ман бинвозаму дорам азизаш,
Савоб ояд, ки бинвозӣ ту низаш.
Иҷозат деҳ, к-аз он қасраш биорам,
Ба мушкуи парасторон супорам.
Набинам рӯи ӯ, гар боз бинам,
Пуроташ бод чашми нозанинам.
Ҷавобаш дод Марям, к-эй ҷаҳонгир,
Шукӯҳат чун кавокиб осмонгир,
Халифатро ҷаҳон бар дар ниҳода,
Фалак бар хатти ҳукмат сар ниҳода.
Агар ҳалвои тар шуд номи Ширин,
Нахоҳад шуд фуруд аз коми ширин,
Туро беранҷ ҳалвое чунин нарм,
Ба ранҷе сардро то кай кунӣ гарм.
Рутаб хур, хор нодидан туро суд,
Ки бас ширин бувад ҳалвои бедуд.
Маро бо ҷодуе ҳамҳуққа созӣ,
Ки барсозад зи Бобил ҳуққабозӣ,
Ҳазор афсона аз бар беш дорад,
Ба таннозӣ яке дар пеш дорад,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё