Ҳафтахтар Ҷилди 3

Туро бифребаду моро кунад дур,
Ту з-ӯ розӣ шавӣ, ман аз ту маҳҷур!
Ман афсунҳои ӯро нек донам,
Чунин афсонаҳоро нек хонам.
Басо зан, к-ӯ сад аз панҷаҳ надонад,
Уторидро ба зарқ аз раҳ биронад.
Занон монанди райҳони сафоланд,
Дарунсӯ хубсу берунсӯ ҷамоланд.
Нашояд ёфтан дар ҳеҷ барзан
Вафо дар аспу дар шамшеру дар зан.
Вафо мардист, бар зан чун тавон баст,
Чу зан гуфтӣ, бишӯ аз мардумӣ даст.
Басе карданд мардон чорасозӣ,
Надиданд аз яке зан ростбозӣ.
Зан аз паҳлӯи чап, гӯянд, бархост,
Маҷӯй аз ҷониби чап ҷониби рост.
Чи бандӣ дил дар он дур аз Худое,
К-аз ӯ ҳосил надорӣ ҷуз балое?
Агар ғайрат барӣ, бодард бошӣ
В-агар беғайратӣ, номард бошӣ.
Бирав, танҳо дам аз шодӣ баровар,
Чу савсан сар ба озодӣ баровар!
Пас он гаҳ бар забон овард савганд,
Ба ҳуши зираку ҷони хирадманд,
Ба тоҷи Қайсару тахти шаҳаншоҳ,
Ки гар Ширин бад-ин кишвар кунад роҳ,
Ба гардан барниҳам мушкин расанро,
Баровезам зи ҷаврат хештанро!
Ҳамон беҳ, к-ӯ дар он водӣ нишинад,
Ки ҷуғд он беҳ, ки ободӣ набинад!
Яқин шуд шоҳро, чун Марям ин гуфт,
Ки ҳаргиз дарнасозад ҷуфт бо ҷуфт.
1
Суханро аз дари дигар буне кард,
Навозиш менамуду сабр мекард.
Суи Хусрав шудӣ пайваста Шопур,
Ба сад ҳилат паёме додӣ аз дур,
Ҷавобаш ҳам ниҳонӣ бозбурдӣ,
Зи хунхоре ба ғамхора супурдӣ.
Аз он бозича ҳайрон гашт Ширин,
Ки бе ӯ чун шикебад шоҳ чандин,
1 Ин калима дар баъзе нашрҳо «бино» омада, вале дар ҳар ҳол байт қофия надорад, аз ин рӯ, дар асоси қофияи мазкур ва луғати байт метавон қаринаи тақрибии онро манзур намуд:
Суханро аз дари дигар бино кард,
Навозишҳо намуду сабрҳо кард.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё