Ҳафтахтар Ҷилди 3

Дилаш донист, к-он н-аз бевафоист,
Шикебаш бар салоҳи подшоист.
ФИРИСТОДАНИ ХУСРАВ ШОПУРРО БА ТАЛАБИ ШИРИН
Шафоат кард рӯзе шаҳ ба Шопур,
Ки то кай бошам аз дилдори худ дур,
Биёр он моҳро як шаб дар ин бурҷ,
Ки пинҳон дорамаш чун лаъл дар дурҷ.
Ман аз баҳри салоҳи давлати хеш
Наёрам рағбате кардан бад-ӯ беш,
Ки тарсам, Марям аз бас ношикебӣ
Чу Исо баркашад худро салибе.
Ҳамон беҳтар, ки бо он моҳи дилдор
Нуҳуфта дӯстӣ варзам паривор.
Агарчи сӯхта поям зи роҳаш,
Чу дасти сӯхта дорам нигоҳаш.
Гар ин шӯх он парирухро бибинад,
Шавад девеву бар девӣ нишинад.
Пазируфтори фармон гашт наққош,
Ки бандам нақши Чинро дар ту, хуш бош!
Ба қаср омад чу дарёи пур аз ҷӯш,
Ки бошад мавҷи он дарё ҳама нӯш.
Ҳикоят кард бо Ширин сароғоз,
Ки вақт омад, ки бар давлат кунӣ ноз.
Маликро дар шикорат рахш тунд аст,
Валек аз Марямаш шамшер кунд аст.
Аз он ӯро чунин озарм дорад,
Ки аз паймони Қайсар шарм дорад.
Биё, то яксавора барнишинем,
Раҳи мушкуи Хусрав баргузинем.
Тараб месоз бо Хусрав ниҳонӣ,
Сар ояд хасмро давлат, чу донӣ!
ИТОБ КАРДАНИ ШИРИН БА ШОПУР
Бути танҳонишин, моҳи тиҳирав,
Тиҳӣ аз хештан, танҳо зи Хусрав,
Ба тундӣ барзад овозе ба Шопур,
Ки аз худ шарм дор, эй аз Худо дур!
Магӯ чандин, ки мағзамро бируфтӣ,
Кифоят кун, тамом аст, он чи гуфтӣ.
На ҳар гавҳар, ки пеш ояд, тавон суфт,
На ҳар ч-он бар забон ояд, тавон гуфт.
На ҳар обе, ки пеш ояд, тавон х(в)ард,
На ҳар ч-аз даст бархезад, тавон кард.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё