Ҳафтахтар Ҷилди 3

Наомад ҳеҷ аз инсофи ту ёдам,
Ба беинсофиат инсоф додам.
Аз ин санъат Худо дурӣ диҳодат,
Хирад з-ин кор дастурӣ диҳодат!
Баровардӣ маро аз шаҳрёрӣ,
Кунун хоҳӣ, ки аз ҷонам барорӣ!
Ман аз бедонишӣ дар ғам фитодам,
Шудам хушк аз ғам, андар нам фитодам.
Дар он ҷо гар замин будӣ яке сӯз,
Ба гесӯ руфтаме роҳаш шабу рӯз.
Хар аз дӯкони полонгар гурезад,
Чу бинад ҷавфурӯш, аз ҷой хезад.
Касодӣ чун кашам, гавҳарнажодам,
Нахонда чун равам, охир на бодам!
Чу з-оби ҳавз тар гашта-ст зинам,
Хато бошад, ки дар дарё нишинам.
Чи фармоӣ, диле бо ин харобӣ
Кунам бо аждаҳое ҳамниқобӣ?
Чу он даргоҳро дархур наафтам,
Базӯр, он беҳ, ки аз дар дарнаафтам.
Бибин, то чанд бор ин ҷо фитодам,
Ба ғамхориву хорӣ дил ниҳодам.
Наафтод он рафиқи бевафоро,
Ки бифристад саломе хушк моро,
1
Ба як газ миқнаъа то чанд кӯшам,
Силеҳи мардумӣ то чанд пӯшам?
Раво набвад, ки чун ман заншуморе
Кулаҳдорӣ кунад бо тоҷдоре.
Қазои бад, нигар, к-омад маро пеш,
Намак бар хастагиву хор бар реш.
Ба гул чидан будам, дар хор мондам,
Ба коре мешудам, дар бор мондам.
Чу худ бад кардам, аз кас чун хурӯшам,
Хатои худ зи чашми бад чӣ пӯшам?
Якеро гуфтам, ин ҷону ҷаҳон аст,
Ҷаҳон бистуд, кунун дар банди ҷон аст.
На ҳар кас, к-оташе гӯяд забонаш,
Бисӯзонад тафи оташ даҳонаш.
Тарозуро ду сар бошад, на як сар,
Яке ҷав дар ҳисоб орад, яке зар.
Тарозуе, ки моро дод Хусрав,
Яке сар дорад, он ҳам низ пурҷав.
Дилам з-он ҷав, ки хар боре надорад,
Ба ғайр аз хӯрданаш коре надорад.
Чодари борик, ки як арз бошад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё