Зеҳн
Ҳафтахтар Ҷилди 3

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 349 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Чу бар «Мушкӯя» кардӣ мушкмолӣ,
Ҳама мушку шудӣ пурмушк ҳолӣ.
Чу нав кардӣ навои «Меҳргонӣ»,
Бибурдӣ ҳуши халқ аз меҳрубонӣ.
1
Чу бар «Мурвои нек» андохтӣ фол,
2
Ҳама нек омадӣ мурвои он сол.
Чу дар шаб баргирифтӣ роҳи «Шабдиз»,
Шудандӣ ҷумлаи офоқ шабхез.
Чу бар дастон «Шаби фаррух» кашидӣ,
Аз он фархундатар шаб кас надидӣ.
Чу ёраш ройи «Фаррухрӯз» гаштӣ,
Замона фарруху фирӯз гаштӣ.
Чу кардӣ «Ғунчаи кабки дарӣ» тез,
Бибурдӣ ғунчаи кабки диловез.
Чу бар «Нахчиргон» тадбир кардӣ,
Басе чун Зуҳраро нахчир кардӣ.
Чу захма рондӣ аз «Кини Сиёвуш»,
Пур аз хуни сиёвушон шудӣ гӯш.
Чу кардӣ «Кини Эраҷ»-ро сароғоз,
Ҷаҳонро кини Эраҷ нав шудӣ боз.
Чу кардӣ «Боғи Ширин»-ро шакарбор,
Дарахти талхро ширин шудӣ бор.
Навоҳое бад-ин сон ромишангез
Ҳамезад Борбад дар пардаи тез.
Ба гуфти Борбад, к-аз бор беҳ гуфт,
Забони Хусраваш сад бор «зеҳ!» гуфт.
Чунон буд расми он бадри мунаввар,
3
Ки бар ҳарза бидодӣ бадраи зар.
Ба ҳар парда, ки ӯ бинвохт он рӯз,
Малик ганҷе дигар пардохт он рӯз.
Ба ҳар парда, ки ӯ барзад навое,
Малик додаш пур аз гавҳар қабое.
Зиҳӣ лафзе, ки гар бар тангдастӣ
Зиҳӣ гуфтӣ, зиҳе заррин бибастӣ.
Дар ин даврон гарат з-ин беҳ писанданд,
Зиҳе пашмин ба гардан во набанданд,
Зи олиҳимматӣ гардан барафроз,
Таноби ҳарза аз гардан биандоз.
Ба хурсандӣ тамаъро дида бардӯз,
Зи чун ман қатра дарёӣ даромӯз,
Ки чандин ганҷ бахшидам ба шоҳе
В-аз он хирман наҷустам барги коҳе.

1
Номи оҳанг.
Фоли нек.
Ҳамён.

пешина
аз 349
навбатӣ