Зеҳн
Ҳафтахтар Ҷилди 3

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 349 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

СӢ ЛАҲНИ БОРБАД

Даромад Борбад чун булбули маст,
Гирифта барбате чун об дар даст.
Зи сад дастон, ки ӯро буд дар соз,
Гузида кард сӣ лаҳни хушовоз.
Зи белаҳнӣ бад-он сӣ лаҳни чун нӯш,
Гаҳе дил додиву гаҳ бистадӣ ҳуш.
Ба барбат чун сари захма даровард,
Зи рӯди хушк бонги тар даровард.
Чу бод аз «Ганҷи бодовард» рондӣ,
Зи ҳар боде лабаш ганҷе фишондӣ.
Чу «Ганҷи гов»-ро кардӣ навосанҷ,
Барафшондӣ замин ҳам гову ҳам ганҷ.
Зи «Ганҷи сӯхта» чун сохтӣ роҳ,
Зи гармӣ сӯхтӣ сад ганҷро оҳ.
Чу «Шодурвони марворид» гуфтӣ,
Лабаш, гуфтӣ, ки марворид суфтӣ.
Чу «Тахти тоқдисӣ» соз кардӣ,
Биҳишт аз тоқҳо дар боз кардӣ.
Чу «Ноқусӣ»-ву «Аврангӣ» задӣ соз,
Шудӣ авранг чун ноқус аз овоз.
Чу қанд аз «Ҳуққаи Ковус» додӣ,
Шакар колои ӯро бӯс додӣ.
Чу лаҳни «Моҳ бар кӯҳон» кушодӣ,
Забонаш моҳ бар кӯҳон ниҳодӣ.
Чу баргуфтӣ навои «Мушкдона»,
Хутан гаштӣ зи бӯи мушк хона.
Чу зад з-«Ороиши хуршед» роҳе,
Дар ороиш будӣ хуршед моҳе.
Чу гуфтӣ «Нимрӯз»-и маҷлисафрӯз,
Хирад бехуд будӣ то нимаи рӯз.
Чу бонги «Сабз дар сабзаш» шунидӣ,
Зи боғи зард сабза бардамидӣ.
Чу «Қуфли румӣ» овардӣ дар оҳанг,
Кушодӣ қуфли ганҷ аз Рум то Занг.
Чу бар дастони «Сарвистон» гузаштӣ,
Сабо соле ба сарвистон нагаштӣ
В-агар «Сави сиҳӣ»-ро соз додӣ,
Сиҳисарваш ба хун хат боздодӣ.
Чу «Нӯшинбода»-ро дар парда бастӣ,
Хумори бодаи нӯшин шикастӣ.
Чу кардӣ «Ромиши ҷон»-ро равона,
Зи ромиш ҷон фидо кардӣ замона.
Чу дар парда кашидӣ «Нози Наврӯз»,
Ба наврӯзӣ нишастӣ давлат он рӯз.

пешина
аз 349
навбатӣ