Ҳафтахтар Ҷилди 3

Ба айби хеш як дида намоӣ,
Ба айби дигарон сад-сад кушоӣ.
На кам з-оинаӣ дар айбҷӯӣ,
Ба оина раҳо кун сахтрӯӣ.
Ҳифози оина ин як ҳунар бас,
Ки пеши кас нагӯяд ғайбати кас.
Чу соя рӯсиёҳ он кас нишинад,
Ки вопас гӯяд, он-ч аз пеш бинад.
Нашояд дид хасми хешро хурд,
Ки нард аз хомдастон кам тавон бурд.
Машав ғарра бар он харгӯши зарфом,
Ки бар ханҷар нигорад марди рассом,
Ки чун шерон бад-он ханҷар ситезанд,
Бад-ӯ хуни басе харгӯш резанд.
Дар оби нармрав мангар ба хорӣ,
Ки тунд ояд гаҳи зинҳорхорӣ.
Бар оташ дил манеҳ, к-ӯ рух фурӯзад,
Ки вақт ояд, ки сад хирман бисӯзад.
Ба густохӣ мабин дар хандаи шер,
Ки на дандон намояд, балки шамшер.
Ҳар он кас, к-ӯ занад лофи далерӣ,
Зи ҷанги шер ёбад номи шерӣ.
Чу кинхоҳӣ зи Хусрав кард Баҳром,
Зи кини хусравон хусрав шудаш ном.
Беҳ, ар бо кам зи худ худро насанҷӣ,
К-аз афкандан в-аз афтодан биранҷӣ.
Ситеза бо бузургон беҳ тавон бурд,
Ки аз ҳамдастии хурдон шавӣ хурд.
Наҳанг он беҳ, ки дар дарё ситезад,
К-аз оби хурд моҳӣ хурд хезад.
Чу Хусрав гуфт бисёре дар ин боб,
Бузургон рехтанд аз дидагон об.
Фуруд омад зи тахт он рӯз дилтанг,
Равон карда зи наргис оби гулранг.
Се рӯз андӯҳ хӯрд аз баҳри Баҳром,
На бо тахт ошно мешуд, на бо ҷом.
Чаҳорум рӯз маҷлис тоза карданд,
Ғиноҳоро баландовоза карданд.
Ба бахшидан даромад дасти дарё,
Замин гашт аз ҷавоҳир чун Сурайё.
Малик чун шуд зи нӯши соқиён маст,
Ғами дидори Ширин бурдаш аз даст.
Талаб фармуд кардан Борбадро
В-аз ӯ дармонталаб шуд дарди худро.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё