Ҳафтахтар Ҷилди 3

Ҳар он, к-ӯ кишт тухме, кишта бар дод,
На ман гуфтам, ки дона з-ӯ хабар дод.
На ҳар тухме дарахте рост рӯяд,
На ҳар рӯде суруде рост гӯяд.
Ба сарҳангӣ ҳамоил кардани теғ
Басо маҳро, ки пӯшад чеҳра дар меғ,
Ту хунрезе мабин, к-ӯ шер гирад,
Ки хунаш гирад, арчи дер гирад.
Аз ин аблақсавори нимзангӣ,
Ки дар зер аблақе дорад дурангӣ,
Мабош эмин, ки бо хӯи паланг аст,
Куҷо якдил шавад, к-охир дуранг аст.
Ситам дар мазҳаби давлат раво нест,
Ки давлат бо ситамкор ошно нест.
Харе дар коҳдон афтод ногоҳ,
Нагӯям вой бар хар, вой бар коҳ!
Магас бар хони ҳалво кай кунад пушт,
1
Ба анҷире ғуробе чун тавон кушт?
Ба сими дигарон заррин макун кох,
К-аз ин дин рахна гардад, киса сӯрох.
Нигаҳ дор андар ин ошуфта бозор
2
Кудини гозур аз норинҷи аттор.
Машав хомуш, чу кор афтад ба зорӣ,
Ки бошад хомушӣ навъе зи ёрӣ.
Шунидастам, ки дар занҷири омон
Яке будаст аз ин ошуфтаномон.
Чу бо ӯ сохтӣ ноболиғе ҷанг,
Ба болиғтар касе бардоштӣ санг.
Бипурсиданд, к-аз тифлон хурӣ хор,
Зи пирон кин кашӣ, чун бошад ин кор,
Ба ханда гуфт: агар пирон наханданд,
Куҷо тифлон ситамкорӣ писанданд?
3
Чу даст аз пой нохушнуз бошад,
4
Ба ҷурми пой сар маъхуз бошад.
Ба ҷабборӣ мабин дар ҳеҷ дарвеш,
Ки ӯ ҳам муҳташам бошад бари хеш.
Зи айби некмардум дида бардӯз,
Ҳунар дидан зи чашми бад маёмӯз.
Ҳунар бинад чу айб ин чашми ҷосус,
Ту чашми зоғ бин, на пои товус.
Туро ҳарфе ба сад тазвир дар мушт,
Манеҳ бар ҳарфи кас беҳуда ангушт.
1
Зоғ.
2
Асбоби ҷомашӯӣ.
Нохушнуд.
Гирифтор.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё