Зеҳн
Ҳафтахтар Ҷилди 3

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 349 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Пас он гаҳ бӯса зад бар маснади шоҳ,
Ки маснадбӯс бодат Зуҳраву Моҳ,
Зи моҳӣ то ба моҳ афсарпарастат,
Зи Машриқ то ба Мағриб зердастат,
Ман он гаҳ гуфтам, ӯ ояд фародаст,
Ки иқболи малик дар банда пайваст,
Чу иқболи ту бо мо сар дарорад,
Чунин бисёр сайд аз дар дарорад.
Агар қосид фиристад сӯи ӯ шоҳ,
Маро бояд зи қосид кардан огоҳ.
Ба ҳукми он ки Гулгуни сабукхез
Бад-ӯ бахшам зи ҳамзодони Шабдиз,
1
Ки бо Шабдиз кас ҳамтаг набошад,
Ҷуз ин Гулгун, агар бадраг набошад.
Агар Шабдиз бо моҳи тамом аст,
Ба ҳамроҳӣ-ш Гулгун тезгом аст
В-агар Шабдиз набвад монда бар ҷой,
Ба ҷуз Гулгун кӣ дорад зери ӯ пой?
Малик фармуд, то он рахши манзур
Баранд аз охури ӯ сӯи Шопур
В-аз он ҷо яктана Шопур бархост,
Дуаспа роҳ рафтанро биорост.
Суи мулки Мадоин рафт пӯён,
Гиромӣ моҳро як моҳ ҷӯён.
Ба мушку-дар набуд он моҳрухсор,
Маалқисса, ба қаср омад дигар бор.
Дари қасри нигорин зад замоне,
Кас омад, додаш аз Хусрав нишоне.
Дарун бурдандаш аз дар шодмона,
Ба хилватгоҳи он шамъи замона.
Чу сар дар қасри Ширин кард Шопур,
Уқубатборае дид аз ҷаҳон дур,
Нишаста гавҳаре дар байзаи санг,
Биҳиштипайкаре дар дӯзахи танг.
Рухаш чун лаъл шуд з-он гавҳари пок,
Намозаш-бар ду рух молид бар хок.
Саноҳо кард бар рӯи чу моҳаш,
Бипурсид аз ғаму тимори роҳаш,
Ки чун будиву чун растӣ зи бедод,
Ки аз бандат набуд ин банда озод.
Умедам ҳаст, к-ин сахтӣ пасин аст,
Дилам з-ин пас ба шодӣ-бар яқин аст.
Яқин медон, ки гар сахтӣ кашидӣ,
Аз он сахтӣ ба осонӣ расидӣ.

Ҳамтак, ҳамдав, ҳамсабқат.

пешина
аз 349
навбатӣ