Зеҳн
Ҳафтахтар Ҷилди 3

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 349 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Турунҷу себ лаб бар лаб ниҳода,
Чу дар заррин суроҳӣ лаъли бода.
Зи наргис в-аз бунафша саҳни хиргоҳ
Гулистоне ниҳода дар назаргоҳ.
Зи бас норинҷу нори маҷлисафрӯз
Шуда дар ҳуққабозӣ боди Наврӯз.
Ҷаҳонро тозатар доданд рӯҳе,
Ба сар бурданд субҳе бо сабӯҳе.
Зи чанг абрешими дастоннавозон
Дарида пардаҳои ишқбозон.
Суруди паҳлавӣ дар нолаи чанг
Фиканда сӯзи оташ дар дили санг.
Камонча оҳи мӯсивор мезад,
Муғаннӣ роҳи мусиқор мезад.
Ғазал бардошта ромишгари рӯд,
Ки падруд, эй нишоту айш, падруд!
Чи хуш боғест боғи зиндагонӣ,
Гар эмин будӣ аз боди хазонӣ.
Чи хуррам кох шуд кохи замона,
Гараш будӣ асоси ҷовидона!
Аз он сард омад ин кохи диловез,
Ки чун ҷо гарм кардӣ, гӯядат: хез!
Чу ҳаст ин дайри хокӣ сустбунёд,
Ба бодаш дод бояд зуд, бар бод!
Зи фардову зи дӣ касро нишон нест,
Ки рафт он аз миён в-ин дар миён нест.
Як имрӯз аст моро нақди айём,
Бар ӯ ҳам эътимоде нест то шом.
Биё, то як даҳан пурханда дорем,
Ба май ҷону ҷаҳонро зинда дорем.
Ба тарки хоб мебояд шабе гуфт,
Ки зери хок мебояд басе хуфт.

ОГОҲӢ ДОДАНИ ШОПУР ХУСРАВРО АЗ ШИРИН

Малик сармасту соқӣ бода дар даст,
Навои чанг мешуд шаст бар шаст.
Даромад гулрухе чун сарви озод
Зи дилдорони Хусрав бо дили шод,
Ки бар дарбор хоҳад банда Шопур,
Чӣ фармоӣ, дарояд ё шавад дур?
Зи шодӣ хост ҷастан Хусрав аз ҷой,
Дигар раҳ ақлро шуд корфармой.
Бифармудаш даровардан ба даргоҳ,
Зи дилгармӣ ба ҷӯш омад дили шоҳ,

пешина
аз 349
навбатӣ