Ҳафтахтар Ҷилди 3

Самоъи хиргаҳӣ дар хиргаҳи шоҳ,
Надиме чанд мавзунтабъу дилхоҳ.
Мақолатҳои ҳикмат боз карда,
Суханҳои мазоҳик соз карда.
Ба гирдогирди хиргоҳи каёнӣ
12
Фурӯ ҳишта намадҳои алонӣ.
Дама бар дар кашида теғи фӯлод,
Сари номаҳрамонро дода барбод.
Даруни хиргаҳ аз бӯи хуҷаста
34
Бухури уду анбар килла баста.
Набиди хушгувору ишрати хуш
Ниҳода манқали заррин бар оташ.
5
Зуголи арманӣ бар оташи тез,
Сиёҳоне чу зангӣ ишратангез,
Чу мушки нофа дар нашви гиёҳе
Пас аз сурхӣ ҳамегирад сиёҳӣ.
Чаро он мушкбеди удкирдор
Шавад баъд аз сиёҳӣ сурхрухсор,
Сияҳро сурх чун кард озарангӣ,
Чу болои сиёҳӣ нест ранге,
Магар, к-аз рӯзгор омӯхт найранг,
Ки аз мӯи сиёҳи мо барад ранг.
Ба боғи шуъла-дар деҳқони ангишт
Бунафша медуруду лола мекишт.
Сияҳ пӯшида чун зоғони куҳсор,
Гирифта хуни худ дар нойу минқор.
Уқобе тири худ карда пари хеш,
Сияҳморе фиканда муҳра дар пеш.
Маҷусимиллате ҳиндустонӣ
Чу Зардушт омада дар «Занд»-хонӣ.
Дабире аз Ҳабаш рафта ба Булғор,
Ба шангарфӣ мидоде карда бар кор.
Зимистон гашта чун райҳон аз ӯ хуш,
Ки райҳони зимистон омад оташ.
Суроҳӣ чун хурӯсе соз карда,
Хурӯсе, к-ӯ ба вақт овоз карда,
Зи рашки он хурӯси оташинтоҷ
Гаҳе теҳу бар оташ, гоҳ дурроҷ.
Равон гашта ба нуқлони кабобӣ
Гаҳе кабки дарӣ, гаҳ мурғи обӣ.
1
Овехтан.
2
Шаҳре бо намадҳояш машҳур.
3
Сӯхтани хушбӯиҳо.
Хаймаи ҳарир.
Зуғол, ангишт.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё