Ҳафтахтар Ҷилди 3

Пас аз як лаҳза Хусрав бозпас дид,
Ба ҷуз худ, нокасам, гар ҳеҷ кас дид.
Зи ҳар сӯ кард маркабро равона,
На дил диду на дилбар дар миёна.
Фуруд омад аз он чашма замоне,
Зи ҳар сӯ ҷуст аз он гавҳар нишоне.
Шигифт омад дилашро, к-инчунин тез
Бад ин зудӣ куҷо рафт он диловез?
Гаҳе сӯи дарахтон дид густох,
Ки гӯӣ, мурғ шуд, паррид бар шох.
Гаҳе дида ба оби чашма мешуст,
Чу моҳӣ моҳро дар об меҷуст.
Замоне пул бар оби чашм бастӣ,
Гаҳе бар оби чашма пул шикастӣ.
Зи чашмаш бурда он чашма сиёҳӣ,
Дар ӯ ғалтид чун дар чашма моҳӣ.
Чунон нолид, к-аз бас нолиши ӯ
Пушаймон шуд сипеҳр аз молиши ӯ.
Маҳу Шабдизро дар боғ меҷуст,
Ба чашме бозу чашме зоғ меҷуст.
Зи ҳар сӯ ҳамлабар чун бози нахчир,
Ки зоғе кард бозашро гаравгир.
Аз он зоғи сабукпар монда пурдоғ
Ҷаҳон торик бар вай чун пари зоғ.
Шуда зоғи сияҳ бози сапедаш,
Дарахти хор гашта мушкбедаш.
1
Зи бедаш гурбабед анҷир карда,
Сиришкаш тухми беданҷир карда.
Хамида бедаш аз савдои хуршед,
Бале, расм аст чавгон кардан аз бед.
Баровард аз ҷигар сӯзанда оҳе,
Ки оташ дар чу ман мардумгиёҳе!
Баҳоре ёфтам, з-ӯ бар нахӯрдам,
Фуроте дидаму лаб тар накардам,
Ба нодонӣ зи гавҳар доштам чанг,
Кунун мебоядам бар сар задан санг!
Гуле дидам, начидам бомдодаш,
Дареғо, чун шаб омад, бурд бодаш,
Дар обе наргисе дидам шукуфта,
Чу обе хуфта в-аз ӯ об хуфта!
Шунидам, к-об хуфтад, зар шавад хок,
Чаро симоб гашт он сарви чолок?
Ҳумое бар сараш медод соя,
Сарирамро зи гардун кард поя.
Навъе аз ҳафтдаҳ анвои бед («Ғиёс»).

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё