Зеҳн
Ҳафтахтар Ҷилди 3

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 349 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ду гулбун, к-аз ду чашма хор диданд,
Ду ташна, к-аз ду об озор диданд,
Ҳам онро рӯзи аввал чашма зад роҳ,
Ҳам ин аз чашмае афтод дар чоҳ.
Сари чашма кушояд ҳар касе рахт,
Ба чашма нарм гардад тӯшаи сахт.
Ҷуз эшонро, ки рахт аз чашма бурданд,
Зи нармиҳо ба сахтиҳо супурданд.
Набинӣ чашмае, к-аз оташи дил
Надорад ташнаеро пой дар гил.
На хуршеди ҷаҳон, к-ин чашмаи хун
Бад-ин кор аст гардон гирди гардун.
Чу шаҳ мекард маҳро пардадорӣ,
Ки хотун бурд натвон бе иморӣ.
Бурун омад парирух чун парӣ тез,
Қабо пӯшида шуд бар пушти Шабдиз,
Ҳисобе кард бо худ, к-ин ҷавонмард,
1
Ки зад бар гирди ман чун чарх новард,
Шигифт ояд маро, гар ёри ман нест,
Дилам чун бурд, гар дилдори ман нест?
Шунидам, лаъл дар лаъл аст конаш,
Агар дилдори ман шуд, ку нишонаш?
Набуд огаҳ, ки шоҳон ҷомаи роҳ
Дигаргуна кунанд аз бими бадхоҳ.
Ҳавои дил раҳаш мезад, ки бархез,
Гули худро бад-ин шаккар баромез,
Гар он сурат буд, ин рахшанда ҷон аст,
Хабар буд ону ин боре аён аст.
Дигар раҳ гуфт, аз ин раҳ рӯй бартоб,
Раво набвад намозе дар ду меҳроб.
Зи як даврон ду шарбат хӯрд натвон,
Ду соҳибро парастиш кард натвон.
В-агар ҳаст ин ҷавон он нозанин шоҳ,
На ҷои пурсиш аст ӯро дар ин роҳ,
Маро беҳ, к-аз даруни парда бинад,
Ки бар бепардагон гарде нишинад.
Ҳанӯз аз парда берун нест ин кор,
Зи парда чун бурун оям ба як бор?
Уқоби хешро дар пӯя пар дод,
Зи наълаш гову моҳиро хабар дод.
Так аз боди сабо пешӣ гирифта,
Ба ҷунбиш бо фалак хешӣ гирифта.
Париро мегирифт аз гармхезӣ,
Ба чашми дев дармешуд зи тезӣ.

Ҷангу ҷидол; тохтан («Ғиёс»).

пешина
аз 349
навбатӣ