Зеҳн
Ҳафтахтар Ҷилди 3

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 349 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Набуд эмин зи душман гоҳу бегоҳ,
Ба кӯҳу дашт мешуд роҳу бероҳ.
Раванда кӯҳро чун бод меронд,
Ба так-дар бодро чун кӯҳ мемонд.
Напӯшад бар ту он афсонаро роз,
Ки дар роҳе зане шуд ҷодуисоз,
Яке оинаву он шона афканд,
Ба афсуне ба роҳаш кард дар банд,
Фалак ин оина в-он шонаро ҷуст,
К-аз ин кӯҳ омаду з-он беша барруст.
Зане, к-ӯ шонаву оина бифканд,
Зи сахтӣ шуд ба кӯҳу беша монанд.
Шуда Ширин дар он роҳ аз бас андӯҳ
Ғуборолуди чандин бешаву кӯҳ.
Рухаш симои камрахтӣ гирифта,
Мизоҷи нозукаш сахтӣ гирифта,
Нишон меҷусту мерафт он дилафрӯз
Чу моҳи чордаҳшаб чордаҳ рӯз.
1
Ҷанибатро ба як манзил намемонд,
Хабарпурсон-хабарпурсон ҳамеронд.
Таковар дастбурд аз бод мебурд,
Заминро даври чарх аз ёд мебурд.

АНДОМ ШУСТАНИ ШИРИН ДАР ЧАШМАИ ОБ

Сапедадам чу дам барзад сапедӣ,
Сиёҳӣ хонд ҳарфи ноумедӣ,
Ҳазорон наргис аз чархи ҷаҳонгард
Фурӯ шуд, то баромад як гули зард.
Шитобон кард Ширин борагиро,
Ба талхӣ дод ҷон якборагиро.
Падид омад чу минӯ марғзоре,
Дар ӯ чун оби ҳайвон чашмасоре.
Зи шарми оби он рахшанда хонӣ
Шуда дар зулмат оби зиндагонӣ.
Зи ранҷи роҳ буд андом хаста,
Ғубор аз пой то сар барнишаста.
Ба гирди чашма ҷавлон зад замоне,
Даҳ андар даҳ надид аз кас нишоне.
Фуруд омад, ба як сӯ борагӣ баст,
Раҳи андеша бар наззорагӣ баст.
Чу қасди чашма кард он чашмаи нур,
Фалакро об дар чашм омад аз дур.

Асп; аспи борбар.

пешина
аз 349
навбатӣ