Ҳафтахтар Ҷилди 3

Чу оҳу з-ин ғизолон сер гаштӣ,
Гирифтори кадомин шер гаштӣ?
Чу Моҳ аз ахтарони худ ҷудоӣ,
На Хуршедӣ, чунин танҳо чароӣ?
Куҷо сарви ту, к-аз ҷонам чаман дошт,
Ба ҳар шохе раге бо ҷони ман дошт?
Рухат Моҳ аст, то худ бар кӣ тобад,
Манаш гум кардаам, то худ кӣ ёбад?!» -
Ҳама шаб то ба рӯз ин навҳа мекард,
Ғамаш бар ғам фузуду дард бар дард.
Чу меҳр омад бурун аз чоҳи Бежан,
Шуд аз нураш ҷаҳонро дида равшан,
Ҳама лашкар ба хидмат сар ниҳоданд,
Ба навбатгоҳи фармон истоданд,
Ки гар бону бифармояд, ба шабгир
Пайи Ширин биронем асп чун тир.
Меҳинбону ба рафтан майл нанмуд,
На худ рафту на касро низ фармуд.
Чу дар хоб ин балоро буд дида,
Ки будӣ бозе аз дасташ парида.
Чу ҳасрат хӯрд аз парвози он боз,
Ҳамон боз омадӣ бар дасти ӯ боз.
Бад-эшон гуфт: «Агар мо бозгардем
В-агар бо осмон ҳамроз гардем,
Нашуд мумкин, ки дар ҳеҷ обхӯрде
Биёбем аз пайи Шабдиз гарде.
Нашояд шуд пайи мурғи парида,
На дунболи шикори домдида.
Кабӯтар чун парид, аз пас чи нолӣ,
Ки во бурҷ ояд, ар бошад ҳалолӣ.
Бале, чандон шикебам дар фироқаш,
Ки барқе ёбам аз наъли буроқаш.
Чу з-он гумгаштаганҷ огоҳ гардам,
Дигар раҳ бо тараб ҳамроҳ гардам.
Ба ганҷина супорам ганҷро боз,
Бад-ин шукрона гардам ганҷпардоз!»
Сипаҳ чун посухи бону шуниданд,
Беҳ аз фармонбарӣ коре надиданд
В-аз он сӯи дигар Ширин ба Шабдиз
Ҷаҳонро менавашт аз баҳри Парвиз.
Чу сайёра шитобоҳанг мебуд,
Зи раҳ рафтан ба рӯзу шаб наосуд.
Қабо дарбаста бар шакли ғуломон,
Ҳамешуд деҳ ба деҳ, сомон ба сомон.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё