Ҳафтахтар Ҷилди 3

Бас гурснагӣ, ки сустӣ орад,
Дар ҳозима тандурустӣ орад.
Бар вифқи чунин хилофкорӣ
Таслим беҳ аз ситезакорӣ.
Алқисса, чу қисса инчунин аст,
Пиндор, ки сирка ангубин аст.
Лайлӣ, ки чароғи дилбарон буд,
Ранҷи худу ганҷи дигарон буд.
Ганҷе, ки кашида буд море
Аз ҳалқа ба гирди ӯ ҳисоре.
Гарчи гуҳаре гаронбаҳо буд,
Чун маҳ ба даҳони аждаҳо буд.
Мезист дар он шиканҷаи танг
Чун донаи лаъл дар дили санг.
Шӯяш ҳама рӯз пос медошт,
Мехӯрд ғаму сипос медошт,
Дар суҳбати ӯ бути паризод
Монанди парӣ ба банди пӯлод,
Мекард ба чобукӣ шикебе,
Медод фиребро фиребе.
То шӯй бараш набуд, нолид,
Чун шӯй расид, дида молид.
То софӣ буд, навҳа мекард,
Чун дурд расид, дард мехӯрд.
Мехост, к-аз он ғам ошкоро
Гиряд нафасе, надошт ёро.
З-андӯҳи нуҳуфта ҷон бикоҳад,
Коҳидани ҷони худ кӣ хоҳад?
Аз ҳашмати шӯву шарми хешон
Мебуд чу зулфи худ парешон.
Бегона чу дур гаштӣ аз роҳ,
Бархостӣ аз сутуни хиргоҳ,
Чандон бигиристӣ бар он ҷой,
К-аз гиря даруфтодӣ аз пой.
Чун бонги пай омадӣ ба гӯшаш,
Мондӣ ба шиканҷа-дар хурӯшаш,
Чун шамъ ба чобукӣ нишастӣ
В-он гиря ба ханда даршикастӣ.
Ин бенамакӣ фалак ҳамекард
В-он хушнамак ин ҷигар ҳамехӯрд,
То гардиши даври бемудоро
Кардаш амали худ ошкоро.
Шуд шӯи вай аз дареғу тимор
Дур аз рухи он арӯс бемор,
Афтод мизоҷ аз истиқомат,
Рафт ибни Саломро саломат,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор