Ҳафтахтар Ҷилди 3

Гар сахт бувад камону гар суст,
Густох кашидан офати туст.
Гар суст бувад, малолат орад
В-ар сахт бувад, хиҷолат орад.
Ҳар қуфл, ки хоҳиаш кушудан,
Шарт аст нахуст озмудан.
Аввал расан аст, он гаҳе чоҳ,
Бе пой куҷо басар шавад роҳ?
Маҷнуну Салом рӯзаке чанд
Буданд ба ҳам ба роҳи пайванд.
Он туҳфа, ки дар миёна мерафт,
Чун дур ғазале равона мерафт,
Ҳар байт, ки гуфтӣ он ҷаҳонгард,
Бар ёд гирифтӣ он ҷавонмард.
Маҷнун зи раҳи заифҳолӣ
Буд аз ҳама хобу хӯрд холӣ,
Бечора Саломро дар он дард
Н-аз хоб гузир буду н-аз хӯрд.
Чун суфра тиҳӣ шуд аз навола,
Меҳмон ба видоъ шуд ҳавола,
Кард аз сари оҷизӣ видоъаш,
Бигзошт миёни он сибоъаш.
З-он марҳала рафт сӯи Бағдод,
Бигрифта басе қасида бар ёд.
Ҳар ҷо, ки яке қасида хондӣ,
Ҳуши шунаванда хира мондӣ.
ВАФОТ ЁФТАНИ ШАВҲАРИ ЛАЙЛӢ
Ҳар нукта, ки бар нишони корест,
Дар вай ба зарурат ихтиёрест.
Дар ҷунбиши ҳар чи ҳаст мавҷуд,
Дуррест зи дурҷҳои мақсуд.
Коғаз варақи дурӯй дорад,
К-омоҷгаҳ аз ду сӯй дорад,
З-ин сӯй - варақшумори тадбир,
З-он сӯи дигар - ҳисоби тақдир,
Кам ёбад котиби қаламрост
Он ҳар ду ҳисобро ба ҳам рост.
Бас гул, ки ту гул кунӣ шумораш,
Бинӣ ба газанди хеш хораш.
1
Бас хӯшаи ҳисрим аз намоиш,
К-ангур бувад ба озмоиш.
Ғӯраи ангур.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор