Зеҳн
Ҳафтахтар Ҷилди 3

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 349 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ҳам фазлу инояти худоӣ
Додам зи чунон ғаме раҳоӣ.
Фарҷом шавӣ ту низ хомӯш
В-ин воқеаро кунӣ фаромӯш.
Ин шуъла, ки ҷӯши меҳрубонист,
Аз гармии оташи ҷавонист!
Чун даргузарад ҷавонӣ аз мард,
Он кӯраи оташин шавад сард!
Маҷнун зи ҳадиси он накӯрой
Аз ҷой нашуд, вале шуд аз ҷой,
Гуфто: чи гумон барӣ, ки мастам,
Ё шефтаи ҳавопарастам,
Шоҳаншаҳи ишқам, аз ҷалолат
Нобурда зи нафси худ хиҷолат,
Аз шаҳвати узрҳои хокӣ
Маъсум шуда ба ғусли покӣ,
З-олоиши нафс бозраста,
Бозори ҳавои худ шикаста,
Ишқ аст хулосаи вуҷудам,
Ишқ оташ гашту ман чу удам!
Ишқ омаду хос кард хона,
Ман рахт кашидам аз миёна,
Бо ҳастии ман, ки дар шумор аст,
Ман нестам, он чи ҳаст, ёр аст!
Кам гардад ишқи ман дар ин ғам,
Гар анҷуми осмон шавад кам,
Ишқ аз дили ман тавон сутурдан,
Гар реги замин тавон шумурдан!
Дар суҳбати ман чу ёфтӣ роҳ,
Медор забон зи айб кӯтоҳ.
Дар қомати ҳоли хеш бингар,
Аз таъни мақоли хеш бигзар.
Некӯ масале зад он сипаҳдор,
К-андозаи кори худ нигаҳ дор.
Сардӣ макун, арна гарм гардам
В-он гаҳ ба ҳисоб нарм гардам.
Чандон ба саломат аст бозор,
К-олуда нашуд ба пои таррор,
К-аз тирарагӣ чу дил шавад гарм,
Бархезад аз он миёна озарм! -
З-ин гуна гузорише аҷаб кард,
З-он ҳарф ҳарифро адаб кард.
Чун ҳирфати ӯ ҳариф бишнохт,
Ҳарфе ба хато дигар наандохт.
Густохсухан мабош бо кас,
То узри сухан нахоҳӣ аз пас.

пешина
аз 349
навбатӣ