Зеҳн
Ҳафтахтар Ҷилди 3

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 349 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Тарсам, чу ба лутф барнахезӣ,
Аз ранҷи зарурате гурезӣ!
Дар гӯши Саломи орзӯманд
Пазруфта нашуд ҳадиси он панд,
Гуфто: ба Худой, агар бикӯшӣ,
К-аз ташна зулолро напӯшӣ,
Бигзор, ки аз сари ниёзе
Дар қиблаи ту кунам намозе,
Гар саҳв шавад ба саҷда роҳам,
Дар саҷдаи саҳв узр хоҳам!
Маҷнун бигузошт аз басе ҷаҳд,
То уҳда ба сар барад дар он аҳд.
Бикшод Салом суфраи хеш,
Ҳалвову кулича рехт дар пеш,
Гуфто: бикушой чеҳр бо ман,
Ноне бишикан ба меҳр бо ман,
Нохӯрданат арчи дилпазир аст,
З-ин як-ду навола ногузир аст.
Мард арчи ба табъ мард бошад,
Нерӯи танаш ба хӯрд бошад!
Гуфто: ман аз ин ҳисоб фардам,
К-онро, ки ғизохур аст, хӯрдам.
Нерӯи касе ба нону ҳалвост,
К-ӯро ба вуҷуди хеш парвост.
Чун ман зи ниҳоди хеш покам,
Кай бехуришӣ кунад ҳалокам!
Чун дид Салом, к-он ҷигарсӯз
На хусбаду на хурад шабу рӯз,
На рӯй барад ба ҳеҷ кӯе,
На сабр кунад ба ҳеҷ рӯе,
Медод дилаш зи дилнавозӣ,
К-он беҳ, ки дар ин бало бисозӣ.
Доим дили ту ҳазин намонад,
Яксон фалак инчунин намонад.
Гарданда фалак шитобгард аст,
1
Ҳар дам варақе-ш дар навард аст.
То чашм ба ҳам ниҳода гардад,
Сад дар зи фараҷ кушода гардад.
З-ин ғам беҳ, агар ғамин набошӣ,
То пайсипари замин набошӣ.
Беҳ гардӣ, агарчи дардмандӣ,
Чандон ки гиристӣ, бихандӣ.
Ман низ чу ту шикаста будам,
Дилхаставу пойбаста будам.

Гардондан, варақ задан.

пешина
аз 349
навбатӣ