Зеҳн
Ҳафтахтар Ҷилди 3

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 349 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

ПОСУХИ МАҶНУН БА
САЛОМИ БАҒДОДӢ

Маҷнун чу ҳилол дар рухи ӯ
Зад хандаву дод посухи ӯ,
К-эй хоҷаи хуби нозпарвард,
Раҳ пурхатар аст, бозпас гард!
На марди манӣ, агарчи мардӣ,
К-аз сад ғами ман яке нахӯрдӣ.
Ман ҷуз сари дому дад надорам,
На пои ту, пои худ надорам.
Ту омадаӣ, ки то дар ин дом
Мехе дигарам занӣ ба андом,
Моро, ки зи хӯи худ малол аст,
Бо хӯи ту сохтан муҳол аст!
Аз суҳбати ман туро чи хезад,
Дев аз ману суҳбатам гурезад!
Ҳар рӯз ба манзиле гироям,
Ҳар шаб ба харобаест ҷоям.
Ман ваҳшиаму ту унс ҷӯӣ,
Он навъ талаб, ки ҷинси ӯӣ!
1
Чун оҳан агар ҳамул гардӣ,
З-оҳи чу мане малӯл гардӣ.
Гар об шавӣ ба ҷоннавозӣ,
Бо оташи ман шабе насозӣ.
Ман муфлисаму наво надорам,
Меҳмонии ту раво надорам.
Гар ҳаст навои бенавоӣ-т,
Инак ману роҳи ошноӣ-т.
Бо ман ту нагунҷӣ андар ин пӯст,
Ман худкушаму ту хештандӯст.
Ман банди қабои худ кунам суст,
Ту бо дигаре камар кунӣ чуст.
Ман бастаи худ фишонам аз дӯш,
Ту бо дигаре шавӣ ҳамоғӯш.
Бо ман-т хатост ҳамнишастӣ,
Ман бутшикану ту бутпарастӣ.
Бигзор маро дар ин харобӣ,
К-аз ман дами ҳамдамӣ наёбӣ.
Гар дар талабам раҳе буридӣ,
Эй ман раҳиат, ки ранҷ дидӣ.
Чун ёфтиам ғарибу ғамхор,
2
Аллоҳу маак бигӯву бигзор.

Собир, пуртоқат.
Худо бо ту.

пешина
аз 349
навбатӣ