Зеҳн
Ҳафтахтар Ҷилди 3

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 349 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Перомунаш аз вуҳуш ҷавқе
Ҳалқа шуда бар мисоли тавқе,
Ӯ карда зи роҳи шавқу зорӣ
З-он ҳалқа ҳисоби тавқдорӣ.
Чун дид, ки ояд аз раҳи дур
Наздики вай он ҷавони манзур,
2
Зад бонг бар он сибоъи ҳоил,
То теғ кунанд дар ҳамоил.
Чун ёфт Салом аз ӯ қиёме,
Додаш зи миёни ҷон саломе.
Маҷнун зи хушомади саломаш
3
Бинмуд тақаррубе тамомаш,
Кардаш ба ҷавоби худ гиромӣ,
Пурсидаш, к-аз куҷо хиромӣ?
Гуфт: эй ғарази маро нишона,
Оворагии маро баҳона,
Оям бари ту зи шаҳри Бағдод,
То аз рухи фаррухат шавам шод.
Дар шаҳри худ орамида будам
В-албатта, сафарнадида будам,
Ғурбат зи барои ту гузидам,
К-абёти ғариби ту шунидам.
Чун кард маро Худой рӯзӣ
Рӯи ту бад-ин ҷаҳонфурӯзӣ,
Ин боқии умр, агар тавонам,
Ҷуз бо ту нагӯяму наронам.
З-ин пас ману хокбӯси пойат,
Гардан накашам зи ҳукми ройат!
Дам бе нафаси ту барнаорам,
Дар хидмати ту нафас шуморам.
Ҳар шеър, ки афканӣ ту бунёд,
Гирам манаш аз миёни ҷон ёд,
Чандон сухани ту ёд гирам,
К-омуда шавад бад-ӯ замирам!
Густохтарам ба худ раҳо кун,
Бо хотири хешам ошно кун,
Медеҳ зи нашиди худ симоъам,
Пиндор яке аз ин сибоъам.
Банда шудани чу ман ҷавоне,
Донам, ки надорадат зиёне,
Ман низ ба санги ишқ судам,
Ошиқ шуда, хорӣ озмудам!

1
Гурӯҳ; гала; рама; тӯда; села.
Даррандагони хатарнок.
Қарибӣ, наздикӣ.

пешина
аз 349
навбатӣ