Зеҳн
Ҳафтахтар Ҷилди 3

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 349 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Дар бар кашамат чу рӯд дар чанг,
Пинҳон кунамат чу лаъл дар санг,
Гардам зи хумори наргисат маст,
Мастона кашам ба сунбулат даст…
Ё Раб, ту маро яке чунин рӯз
Рӯзӣ кун аз он бути ҷаҳонсӯз! –
Ин гуфту гирифт роҳи саҳро,
Хун дар дилу дар димоғ сафро
В-он сарви равон аз он чамангоҳ
Шуд рӯйгирифта сӯи хиргоҳ.

ОШНО ШУДАНИ САЛОМИ
БАҒДОДӢ БО МАҶНУН

Донои сухан чунин кунад ёд,
К-аз ҷумлаи мунъимони Бағдод
Ошиқписаре буд ошнорӯй,
Як мӯй нагашта аз яке мӯй.
Ҳам сели бало бад-ӯ расида,
Ҳам силии ошиқӣ чашида.
Дурдикаши ишқу дардпаймой,
Андӯҳнишину ранҷфарсой.
Гетӣ-ш Салом ном карда
В-иқбол бад-ӯ салом карда.
Дар олами ишқ гашта чолок,
Дар хондани шеърҳо ҳаваснок.
Чун аз сари қиссаҳои дурпош
Шуд қиссаи Қайс дар ҷаҳон фош,
Дар ҳар тарафе зи табъи покаш
Хонданд насиби дарднокаш.
Ҳар ғамзадае, ки шеъри ӯ хонд,
Он ноқа, ки дошт, сӯи ӯ ронд.
Чун шаҳр ба шаҳр то ба Бағдод
Овозаи ишқи ӯ дарафтод,
Аз сеҳри ҳалоли ӯ зарифон
Карданд самоъ бо ҳарифон.
Афтод Саломро, к-аз он хок
Ояд ба саломи он ҳаваснок.
Барбаст буна ба ноқае чуст,
Бикшод инони ноқаро суст.
Дар ҷустани он ғариби дилтанг
Дар бодия ронд чанд фарсанг.
Пурсид нишону ёфташ ҷой,
Афтода, бараҳна фарқ то пой.

пешина
аз 349
навбатӣ