Ҳафтахтар Ҷилди 3

Ман бо туам, он чи монда барҷой,
Кафшест бурун фитода аз пой.
Он-ч они ман аст, бо ту нур аст,
Дурам ман, аз он чи аз ту дур аст.
Тан кист, ки андар ин мақомаш
Бар сиккаи ту зананд номаш!
Сар нузли ғами туро нашояд,
Зери алами туро нашояд!
Ҷонест ҷарида дар миён чуст
В-он низ на бо ман аст, бо туст!
Гарчи зи ту бандам, эй паризод,
Озодтарӣ зи сарви озод,
Ҳастам мани бепаноҳу пайванд
Дар бандагиат чу гул камарбанд.
Боде, ки зи кӯи ту барояд,
Ҷон бахшаду занги дил зудояд,
Он ёбам аз ӯ ба ҷонфизоӣ,
К-озурдамиён зи мӯмиёӣ!
Ту сагдилу посбон-т сагрӯй,
Ман хоки раҳи сагони он кӯй,
Сагбонии ту ҳамегузинам,
Дар ҷанби сагон аз он нишинам,
Яъне, дадагон маро ба дунбол
Ҳастанд сагони тезчангол!
Ман муфлисаму ту мол дорӣ,
Ман холияму ту хол дорӣ!
Ту бо зару бо дирам ҳама сол,
Холат дираму зар аст халхол.
То холи дирамваши ту дидам,
Халхоли туро дирам харидам!
Абр аз пайи навбаҳор бигрист,
Маҷнун зи пайи ту зор бигрист.
Чарх аз рухи Маҳ ҷамол гирад,
Маҷнун ба рухи ту фол гирад.
Ҳиндуи сиёҳ посбон аст,
Маҷнун ба бари ту ҳамчунон аст.
Булбул зи ҳавои гул ба гард аст,
Маҷнун зи фироқи ту ба дард аст.
Халқ аз пайи лаъл меканад кон,
Маҷнун зи пайи ту меканад ҷон.
Ё раб, чи хуш иттифоқ бошад,
Гар бо манат иштиёқ бошад,
Маҳтобшабе чу рӯз равшан
Танҳо ману ту миёни гулшан,
Ман бо ту нишаста гӯшдаргӯш,
Бо ман ту кашида нӯш дар нӯш,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор