Ҳафтахтар Ҷилди 3

Гӯӣ, ки бимир дар ғамам зор,
Ҳастам зи ғами ту андар ин кор,
Охир бизанам ба вақт ҳолӣ
Бар табли раҳили худ даволе!
Эй ёри шигарф, дар ҳама кор
Айёраву ошиқи ту айёр,
Айёр, ки бифшурад гулӯро,
Худро кушад, он гаҳе адӯро!
Он кас, ки зи хуни худ натарсад,
Аз куштани неку бад натарсад.
Гург аз рама гар ҳарос дорад,
Бо худ намаду палос дорад.
Шабхуш макунам, ки нест дилкаш
Бе ту шаби мову он гаҳе хуш?
Ноомада рафтан ин чи соз аст,
Нокишта дурудан ин чи роз аст?
Бо ҷони манат қадам насозад,
Яъне, ки ду ҷон ба ҳам насозад.
То ҷон наравад зи хона берун,
К-оӣ ту аз ин баҳона берун,
Ҷоне ба ҳазор борнома,
Маъзул кунаш зи корнома,
Ҷоне беҳ аз ин ба ёр дардеҳ,
Пое беҳ аз ин ба кор дарнеҳ,
Ҳар ҷон, ки на аз лаби ту ояд,
Ояд ба лабу маро нашояд
В-он ҷон, ки лаби туаш хизона-ст,
Ганҷинаи умри ҷовидона-ст!
Бисёр касон туро ғуломанд,
Аммо на чу ман мутеъи номанд,
То ҳаст зи ҳастии ту ёдам,
Осудаву тандурусту шодам
В-он гаҳ, ки зи дил наорамат ёд,
Бошам ба диле, ки душманат бод!
З-ин пас туву ман, ману ту з-ин пас,
Як дил ба миёни мо ду тан бас
В-он дил дили ту чунин савоб аст,
Яъне, дили ман дили хароб аст.
Субҳӣ туву бо ту зист натвон,
Илло ба яке дилу дусад ҷон.
Дар худ кашамат, ки ришта яктост,
То ин ду адад яке шавад рост,
Чун сиккаи мо ягона гардад,
Нақши дуӣ аз миёна гардад.
Бодом, ки сикка нағз дорад,
Як тан буваду ду мағз дорад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор