Ҳафтахтар Ҷилди 3

Боде зи дареғ бар дилаш ронд,
Обе зи сиришк бар вай афшонд.
Чун ҳуш ба мағзи ӯ даромад,
Бо пир нишасту хуш баромад,
Гуфт: ин чи баҳор буд, гӯӣ,
К-овард ба мо абирбӯӣ,
Ин бӯй на бӯи навбаҳор аст,
Бӯи сари зулфи он нигор аст,
Бӯест азим нағзу дилҷӯй,
Бодо дили ман фидои ин бӯй!
Пир аз сари ошиқозмоӣ
Гуфто, ки хатост ин ҷудоӣ,
Хоҳӣ, ки ба хона ёрат ояд
В-ороста дар канорат ояд,
Бе дидани рӯи ӯ чунинӣ,
Чун бошаду чун, гараш бибинӣ?!
Гуфто: макун, эй салими дилмард,
Пиромуни ин ҳадис новард,
Чун ман шудаам ба бӯи май маст,
Майро натавон гирифт бар даст!
Кард он гаҳе аз нашид овоз
Ин байтаке чандро сароғоз.
ҒАЗАЛ ХОНДАНИ МАҶНУН
НАЗДИ ЛАЙЛӢ
Оё ту куҷову мо куҷоем,
Ту з-они кииву мо туроем!
Моему навои бенавоӣ,
Бисмиллаҳ, агар ҳарифи моӣ!
Ифлосхарони ҷонфурӯшем,
Хазпоракуну палоспӯшем,
Аз бандагии замона озод,
Ғам шод ба мову мо ба ғам шод!
Ташнаҷигару ғариқи обем,
Шабкӯру надими Офтобем.
Гумроҳу сухан зи раҳнамоӣ,
Дар деҳ наву лофи деҳхудоӣ.
Деҳрондаву деҳхудой номем,
Чун Моҳ ба нимаи тамомем.
Бе муҳраву дида ҳуққабозем,
Бе пову рикеб рахштозем.
Ҷуз дар ғами ту қадам надорем,
Ғамдори туему ғам надорем!
Дар олам агарчи сустхезем,
Дар кӯчгаҳи раҳил тезем.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор