Зеҳн
Ҳафтахтар Ҷилди 3

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 349 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Дар тан таби тез коргар шуд,
Тобаш ба раҳи димоғ-бар шуд,
Роҳат зи мизоҷ рахт барбаст,
Қарробаи эътидол бишкаст.
Қорурашинос набз бифшурд,
Қорура шинохт, ранҷи ӯ бурд.
Медод ба мужда созгорӣ,
Дар тарбияти мизоҷ ёрӣ.
То дур шуд аз мизоҷ сустӣ,
Пайдо шуд роҳи тандурустӣ.
Бемор чу андаке беҳӣ ёфт,
Дар шахси низор фарбеҳӣ ёфт,
Парҳез накард, аз он чи бад буд
В-он карда на бар қарори худ буд…
Чун вақти беҳӣ дар он таби тез
Парҳезшикан шикаст парҳез,
Таб боз мулозими нафас гашт,
Бемории рафта бозпас гашт.
Он тан, ки ба захми аввал афтод,
Захми дигараш ба бод-бар дод
В-он гил, ки ба оби аввал олуд,
Обе дигараш расиду полуд.
Як зилзила аз нахуст бархост,
Девор дарида шуд чапу рост.
Чун зилзилаи дигар даромад,
Девори шикаста бар сар омад.
Рӯзе ду-се он ҷавони ранҷур
Мезад нафасе зи офият дур,
Чун шуд нафасаш ба сина-дар танг,
Зад шишаи бод бар сари санг,
Афшонд чу бод бар ҷаҳон даст,
Ҷонаш зи шиканҷаи ҷаҳон раст…
Лайлӣ зи фироқи шӯи беком
Меҷаст зи ҷо чу гӯр аз дом,
Аз рафтанаш арчи суд санҷид,
Бо ин ҳама, шӯй буд, ранҷид.
Мекард зи баҳри шӯй фарёд,
Оварда нуҳуфта дӯстро ёд,
Аз меҳнати дӯст мӯй меканд,
Аммо ба туфайли шӯй меканд.
Аз дурии дӯст оҳ мезад,
Бар шевани шӯй роҳ мезад.
Дар ҳар чӣ ба гоҳу кӯй гуфтӣ,
«Эй дӯст» задиву шӯй гуфтӣ.
Ашк аз пайи дӯст дона мекард,
Шӯи шударо баҳона мекард.

пешина
аз 349
навбатӣ