Ҳафтахтар Ҷилди 3

Паранди сабз бар Хуршед бастанд,
Гулеро дар миёни бед бастанд,
Ба бону гуфт Ширин, к-«Эй ҷаҳонгир,
Бурун хоҳам шудан фардо ба нахчир.
Яке фардо бифармо, эй худованд,
Ки то Шабдизро бикшояд аз банд.
1
Бар ӯ биншинаму саҳро навардам,
Шабонгаҳ сӯи хидмат бозгардам!»
Меҳинбону ҷавобаш дод, к-«Эй моҳ,
Ба ҷои маркабе сад мулк дархоҳ,
Ба ҳукми он ки ин шабранг Шабдиз
2
Ба гоҳи пӯя бас тунд асту бас тез,
Чу раъди тунд бошад дар ғуридан,
Чу боди тез бошад дар вазидан,
Мабодо, к-аз сари тундиву тезӣ
Кунад дар зери об оташситезӣ
В-агар бар вай нишастан ногузир аст,
На шаб, зеботар аз бадри мунир аст.
Лагоми паҳлавонӣ бар сараш кун,
Ба зери худ риёзатпарвараш кун!»
Рухи гулчеҳра чун гулбарг бишкуфт,
Замин бӯсиду хидмат карду хуш хуфт.
ГУРЕХТАНИ ШИРИН АЗ НАЗДИ
МЕҲИНБОНУ БА МАДОИН
Чу барзад бомдодон хозини Чин
Ба дурҷи гавҳарин-бар қуфли заррин,
Бурун омад зи дурҷ он нақши чинӣ,
Шуданро карда бо худ нақшбинӣ.
Бутони Чин ба хидмат сар ниҳоданд,
Ба сони сарв бар пой истоданд.
Чу Ширин дид рӯи меҳрубонон,
Ба чарбӣ гуфт бо ширинзабонон,
Ки «Бисмиллаҳ, ба саҳро мехиромам,
Магар бисмил шавад мурғе ба домам!»
Бутон аз сар сароғуч боз карданд,
Дигаргун хидматашро соз карданд.
Ба кирдори кулаҳдорони чун нӯш
Қабо бастанд бикрони қасабпӯш,
Ки расме буд, к-он саҳрохиромон
Ба сайд оянд бар расми ғуломон.
Гаштан, тай кардан.
Пӯидан, рафтан.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё