Зеҳн
Ҳафтахтар Ҷилди 3

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 349 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Савоб он шуд, ки накшоӣ ба кас роз,
Кунӣ фардо суи нахчир парвоз.
Чу мардон барнишин бар пушти Шабдиз,
Ба нахчир ою аз нахчир бигрез!
Нахоҳад кас туро доман кашидан,
На дар Шабдизи шабранге расидан.
Ту чун сайёра мешав мил дар мил,
Ман оям, гар тавонам худ ба таъҷил».
Яке ангуштарӣ аз дасти Хусрав
Бад-ӯ биспурд, к-ин баргиру мерав,
Агар дар роҳ бинӣ шоҳи навро,
Ба шоҳи нав намо ин моҳи навро.
Самандашро ба заррин наъл ёбӣ,
Зи сар то по либосаш лаъл ёбӣ.
Кулаҳ лаълу қабо лаълу камар лаъл,
Рухаш ҳам лаъл бинӣ, лаъл дар лаъл
В-агарна аз Мадоин роҳ мепурс,
Раҳи мушкуи шоҳаншоҳ мепурс,
Чу раҳ ёбӣ ба ақсои Мадоин,
Равон бинӣ хазоин бар хазоин.
Маликро ҳаст мушкуе чу Фархор,
Дар он мушку канизонанд бисёр.
Бад-он мушкуи мушкогин фуруд ой,
Канизонро нигини шоҳ бинмой.
Дар он гулшан чу сарв озод мебош,
Чу шохи меваи тар шод мебош.
Тамошои ҷамоли шоҳ мекун,
Муродатро ҳисоб он гоҳ мекун
В-агар ман бо туам чун соя бо тоҷ,
Бад-ин андарз ройат нест муҳтоҷ!»
Аз он ҷо рафт ҷону дил пуруммед,
Бимонд он моҳро танҳо чу Хуршед.
Давиданд он шигарфон сӯи Ширин,
Банотуннаъшро карданд Парвин.
Бифармуд ахтаронро моҳи тобон,
К-аз он манзил шаванд он шаб шитобон.
Ба наъли тозиёни кӯҳпайкар
Кунанд он кӯҳро чун кони гавҳар.
Равон карданд маҳд он дилнавозон,
Чу маҳ тобону чун хуршед тозон.
Сухангӯён-сухангӯён ҳама роҳ
Ба сар бурданд раҳро то ватангоҳ.
Аз он гуфтан баросуданд якчанд,
Дили Ширин фурӯ монда дар он банд.
Шабе, к-аз шаб ҷаҳон пурдуд карданд,
Ҷаҳонро дида хоболуд карданд,

пешина
аз 349
навбатӣ