Ҳафтахтар Ҷилди 3

Онро, ки ҳавои дона беш аст,
Ранҷу хатари замона беш аст,
Ҳар к-ӯ чу ту қонеъи гиёҳ аст,
Дар олами хеш подшоҳ аст!..
Маҷнун зи нишоти он фасона
Барҷасту нишаст шодмона.
Дил дод ба дӯстон замоне,
Пурсид зи ҳар касе нишоне
В-он гоҳ гирифт гиря дар пеш,
Пурсид зи ҳоли модари хеш,
К-он мурғи шикастабол чун аст,
Кораш чи расиду ҳол чун аст?
Бо ин ки аз ӯ сиёҳрӯям,
Ҳам ҳиндуваки сиёҳи ӯям!
Ранҷуртан аст ё тануманд,
Ҳастам ба ҷамолаш орзӯманд.
Чун дид Салим, к-он ҷигарреш
Дорад сари меҳри модари хеш,
Бекон нагузошт гавҳарашро,
Овард зи хона модарашро.
ДИДАНИ МОДАР МАҶНУНРО
Модар чу зи дур дар писар дид,
Алмоси шикаста дар ҷигар дид.
Дид, он гули сурх зард гашта
В-он оина зангхӯрд гашта.
Андоми танаш шикаста шуд хурд,
З-андешаи ӯ ба дасту по мурд.
Гаҳ шуст ба оби дида рӯяш,
Гаҳ кард ба шона ҷаъди мӯяш.
Сар то қадамаш ба меҳр молид,
Бар ҳар вараме ба дард нолид.
Ме-бурд ба ҳар канорае даст,
Гаҳ обила суду гаҳ варам баст.
Гаҳ шуст сари пур аз ғубораш,
Гаҳ канд зи пои хаста хораш.
Чун кард зи рӯи меҳрубонӣ
Бо ӯ зи талаттуф, он чи донӣ,
Гуфт: эй писар, ин чи турктозист,
Бозист, чи ҷои ишқбозист!
Теғи аҷал инчунин дудастӣ
В-он гаҳ ту кунӣ ҳанӯз мастӣ.
Бигзашт падар шикоятолуд,
Ман низ гузашта гир ҳам зуд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор