Ҳафтахтар Ҷилди 3

Бархезу биё ба хонаи хеш,
Барҳам мазан ошёнаи хеш.
Гар з-он ки вуҳуш ё туюранд,
То шаб ҳама з-ошёна дуранд,
Чун шаб ба нишонаи худ ояд,
Ҳар мурғ ба хонаи худ ояд.
Аз халқ нуҳуфта чанд бошӣ,
Н-осуда, нахуфта чанд бошӣ?
Рӯзе ду, ки умр ҳаст барҷой,
Бар бистари худ дароз кун пой.
Чандин чи ниҳӣ ба гирди ҳар ғор
По бар сари мӯр ё думи мор,
Море зада гир бе амонат,
Мӯре шуда гир меҳмонат!
Ҷон аст на сангреза, биншин,
Бо ҷон макун ин ситеза, биншин,
Ҷону дили худ ба ғам маранҷон,
На сангдилӣ, на оҳанинҷон!
Маҷнун зи нафирҳои модар
Афрӯхт чу шуълаҳои озар,
Гуфт: эй қадами ту афсари ман,
Ранҷи садафи ту гавҳари ман,
Полидаи донаи ту киштам,
Хоки пайи ту дари биҳиштам.
Гар з-он ки маро ба ақл раҳ нест,
Донӣ, ки маро дар ин гунаҳ нест.
Кори ман агар чунин бад афтод,
Ин кор маро на аз худ афтод.
Кӯшидани мо куҷо кунад суд,
К-ин кори фитода буданӣ буд.
Афтод ҳазор борам ин кор,
Аз чора гузашт корам ин бор.
Ишқе, ба чунин балову зорӣ,
Донӣ, кӣ набошад ихтиёрӣ.
Ман дар пайи он, ки мурғи ҷонам
Аз қолаби ин қафас раҳонам,
Дар дом кашӣ маро дигар бор,
То дар ду қафас шавам гирифтор!
Даъват макунам ба хона бурдан,
Тарсам зи ваболи хона мурдан,
Ман зинда чунин, ки даштгирам,
Беҳ з-он ки ба хона-дар бимирам.
Бо ваҳш ба ин сурудгӯӣ
Беҳ з-он ки ба хона туршрӯӣ.
Дар хона мани зи соз рафта
Бозомада гиру бозрафта.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор