Зеҳн
Ҳафтахтар Ҷилди 3

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 349 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Гуфто: тани ман зи ҷома дур аст,
К-ин оташи тезу он бухур аст,
Пиндор, дар ӯ назора кардам,
Пӯшидаму боз пора кардам!
Азбаски Салим бозкӯшид,
Он ҷома чунон ки буд, пӯшид.
Овард сабук таом дар пеш,
Ҳалвову кулича аз адад беш.
Чандон ки дар ӯ намуд нола,
З-он суфра нахӯрд як навола.
Буд ӯ зи навола хӯрдан озод,
З-ӯ меситаду ба ваҳш медод.
Пурсид Салим, к-эй ҷигарсӯз,
Охир, ту чи мехурӣ шабу рӯз,
Аз туъма тавонад одамӣ зист,
Гар одамиӣ, таоми ту чист?
Гуфт: эй чу дилам Салим номат,
Тавқеъи саломатат саломат,
Аз бехуришӣ танам фасурдаст,
Нерӯи хурандагӣ-ш мурдаст.
Ҳастам ҳама шаб фитода бар санг,
Рӯзам шуда тангу рӯзиам танг.
Аз гурснагӣ чу мехарошам,
Самғе зи дарахт метарошам.
Ин аст ғизо-м ё гиёҳе
В-он ҳам на ба ҳафтае, ба моҳе.
Қути дили ман, чу рост хоҳӣ,
Бошад зи насими субҳгоҳӣ -
Ҳар бод, ки бӯи дилбар орад,
Шак нест, ки ҷон ба ман дарорад.
Хӯ бозбуридам аз хуришҳо,
Фориғ шудаам зи парваришҳо.
Дар нойи гулӯ-м нон нагунҷад,
Гар з-он ки фурӯ барам, биранҷад.
З-ин сон ки манам бад-ин низорӣ,
Мустағниам аз таомхорӣ.
Аммо нагузорам аз хуриш даст,
Гар ман нахурам, хурандае ҳаст,
Хӯрде, ки хурад гавазн ё шер,
Эшон хоянду ман шавам сер!
Чун дид Салим, к-он ҳунарманд
Аз нон ба гиёҳ гашта хурсанд,
Бар рағбати он дуруштхорӣ
Кардаш ба ҷавоби нарм ёрӣ,
К-аз хӯрдани донаҳои айём
Бас мурғ, ки уфтод дар дом,

пешина
аз 349
навбатӣ