Ҳафтахтар Ҷилди 3

ОМАДАНИ САЛИМИ ОМИРӢ –
ХОЛИ МАҶНУН БА ДИДАНИ Ӯ
Саррофи сухан зи лафзи чун зар
Дар ришта чунин кашид гавҳар,
К-аз нақдкунони ҳоли Маҷнун
Пире сара буд холи Маҷнун,
Соҳибҳунаре, ҳалолзода,
Ҳам хоставу ҳам уфтода,
Дар ном Салими Омирӣ буд,
1
Дар чорагарӣ чу Сомирӣ буд.
Он бар ҳама реш марҳами ӯ,
Будӣ ҳамасола дар ғами ӯ.
Ҳар моҳ зи ҷомаву таомаш
Бурдӣ ҳама олате тамомаш.
Як рӯз нишаст бар наҷибе,
Шуд дар талаби чунон ғарибе,
Метохт наҷиб дашт бар дашт,
Девона чу девбод мегашт.
То ёфт варо ба кунҷи кӯҳе,
Озод зи банди ҳар гурӯҳе,
Бар ваҳшати халқ роҳ баста,
Ваҳше ду-се гирди ӯ нишаста.
Додаш чу мусофирони ранҷур
Аз бими дадон саломе аз дур.
Маҷнун зи шунидани саломаш
Пурсид нишону ҷуст номаш.
Гуфто, ки манам Салими Омир,
2
Саркӯби замонаи муқомир,
Холи ту, вале зи рӯи ту фард,
Рӯи ту ба хол нест дархӯрд.
Ту худ ҳама чеҳра хол гаштӣ,
Яъне, ҳабашимисол гаштӣ!
Маҷнун чу шинохт, пеш хондаш,
Ҳамзонуи хештан нишондаш.
Ҷусташ хабаре зи ҳар нишоне
В-осуд ба суҳбаташ замоне.
Чун ёфт Салимаш ончунон ур,
Бе гӯру кафан миёни он гӯр,
Он ҷомаи тан, ки дошт дар бор,
Оварду намуд узри бисёр,
К-ин ҷома ҳалолӣ аст, дарпӯш,
Бо ман ба ҳалолзодагӣ кӯш!
1
Сеҳргаре, ки гӯсолаи тиллоии сухангӯ сохта, мардумро аз дини Мӯсо-пайғамбар мегардондааст.
Қиморбоз; бозингар.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор