Ҳафтахтар Ҷилди 3

Дар мавкиби он ҷаридаронон
Мерафт чу бо гала шубонон.
Бо ваҳш чу ваҳш гашта ҳамдаст,
К-аз ваҳш ба ваҳш метавон раст.
З-он ҷумлаи оҳувони чолок
Буд оҳуяке аҷаб шағабнок,
Бозикуну чобуку тарабсоз,
Молидасурину гарданафроз,
Маҷнун, ки бар оҳувон назар дошт,
Бо ӯ назаре тамомтар дошт.
Ӯро бари хеш хонд пайваст,
Ҳар соат суд бар сараш даст,
Чашмаш ҳама рӯз бӯса медод,
Мекард зи чашми дилситон ёд…
РАСИДАНИ НОМАИ ЛАЙЛӢ БА МАҶНУН
Маҷнуни машаққатозмуда,
Дилкоштаву ҷигардуруда,
Он рӯз нишаста буд бар кӯҳ,
Гирдаш даду дом гашта анбӯҳ,
Аз парраи дашт сӯи он санг
Гарде бархост тӯтиёранг
В-аз бурқаъи ончунон ғуборе
Рухсора намуд шаҳсаворе.
Шахсеву чи шахс - порае нур,
Пеш омаду шуд пиёда аз дур.
Маҷнун чу шинохт, к-ӯ ҳариф аст
В-аз гавҳари мардуме шариф аст,
Бар мавкиби он сибоъ зад даст,
То ҷумла шуданд бар замин паст.
Омад бари он савори тозӣ,
Бикшод забон ба дилнавозӣ,
К-эй наҷми ямонӣ, ин чи сайр аст,
Ман киву ту кӣ, бигӯ, ки хайр аст?
Симои ту гарчи дилнавоз аст,
Андешаи ваҳшиён дароз аст,
Тарсам зи расан, ки мордида-м,
Чӣ мор, ки аждаҳогазида-м.
З-ин пештарам газофкоре
Дар сина чунон нишонд хоре,
К-аз новаки оҳанини он хор
Рӯяд зи дилам ҳанӯз мисмор,
Гар ту ҳам аз он матоъ дорӣ,
Беҳ, гар накунӣ сухангузорӣ!
Марди сафарӣ зи лутфи ройаш
Чун соя фитод зери пойаш,

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо