Ҳафтахтар Ҷилди 3

Оварда ба ҳифзи дурбошӣ
Дар шеру гавазн хоҷатошӣ.
Ҳар ваҳш, ки буд дар биёбон,
Дар хидмати ӯ шуда шитобон.
Аз шеру гавазну гургу рӯбоҳ
Лашкаргоҳе кашида бар роҳ.
Эшон ҳама гашта бандафармон,
Ӯ бар ҳама шоҳ, чун Сулаймон.
Аз парри уқоб соябонаш,
Дар сояи каргас устухонаш.
Шоҳӣ-ш ба ғояте расида,
К-аз хӯи дадон дадӣ бурида:
Афтода зи меш гургро зӯр,
Бардошта шер панҷа аз гӯр,
Саг бо харгӯш сулҳ карда,
Оҳубара шири шер хӯрда.
Ӯ мешуд, ҷон ба каф гирифта
В-эшон пасу пеш саф гирифта.
Аз хобгаҳаш гаҳе ки хуфтӣ,
Рӯбоҳ ба дум замин бируфтӣ,
2
Оҳу ба муғаммизӣ давидӣ,
Пояш ба канор даркашидӣ,
Бар гардани гӯр такя додӣ,
Бар рони гавазн сар ниҳодӣ,
Зону зада бар сурини ӯ шер,
Чун ҷондорон кашида шамшер,
3
Гург аз ҷиҳати ятоқдорӣ
Рафта ба язак ба ҷонсупорӣ,
Дарранда паланги ваҳшзода
Аз хӯи палангӣ уфтода.
З-ин ёвагиёни даштпаймой
Гирдаш ду-се саф кашида барпой,
Ӯ чун маликон ҷиноҳ баста,
Дар қалбгаҳи дадон нишаста.
Аз бими дарандагони хунхор
Бо суҳбати ӯ надошт кас кор.
Онро, ки ризои ӯ надиданд,
Ҳолӣ-ш дарандагон дариданд
В-онро, ки бихондӣ ӯ ба дидан
Кас заҳра надоштӣ даридан.
Бо ӯ, чи зи ошно, чи аз хеш
Бе дастурӣ касе нашуд пеш.
1
Бандагони як хоҷа.
Ба ғамза, хиромон.
Ятоқ – посбон.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо