Зеҳн
Ҳафтахтар Ҷилди 3

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 349 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Мезад нафасе ба шӯрбахтӣ,
Мезист ба сад ҳазор сахтӣ.
Мебурд зи баҳри дилфурӯзе
Рӯзе ба шабе, шабе ба рӯзе.

УНСИ МАҶНУН
1
БО ВУҲУШУ СИБОЪ

Соҳибхабари фасонапардоз
З-ин қисса чунин хабар кунад боз,
К-он даштбисоти кӯҳболин,
Райҳони сарочаи сафолин,
Аз сӯги падар чу бозпардохт,
Овора ба кӯҳу дашт метохт.
Рӯзе зи таридагоҳи он дашт
Бар хоки диёри ёр бигзашт,
Дид, аз қалами вафосиришта
«Лайлӣ-Маҷнун» баҳам навишта,
Нохун заду он варақ харошид,
Худ монду рафиқро тарошид.
Гуфтанд назорагон: чи рой аст,
К-аз ҳарду рақам яке баҷой аст?
Гуфто: рақаме беҳ, ар пас афтад,
К-аз мо ду рақам яке бас афтад.
Чун ошиқро касе биковад,
Маъшуқа аз ӯ бурун таровад!
Гуфтанд: чарост дар миёна
Ӯ гум шудаву ту-бар нишона?
Гуфто, ки ба пеши ман на некӯст,
К-ин дилшуда мағз бошад, ӯ пӯст,
Ман беҳ, ки ниқоби дӯст бошам,
Ё бар сари мағз пӯст бошам! -
Ин гуфту гузашт аз он гузаргоҳ
Чун робеъа рафт роҳу бероҳ.
Мехонд чу ошиқон насибе,
Меҷуст илоҷро табибе,
Ваҳшишудаву расангусаста
В-аз таънаву хӯи халқ раста.
Хӯ карда чу ваҳшиёни саҳро
Бо бехи наботҳои хазро,
2
На хӯи даду на ҳитаи дом,
3
Бо дому дадаш ҳамора ором.

1
Даррандагон.
Иҳота.
Дарранда.

пешина
аз 349
навбатӣ